Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

639121
Сегодня
40
На этой неделе
1242
В этом месяце
3644
Итого
639121

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

05.11.2018

Ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи ҶТ

Ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Конститутсия ва истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом якчанд иншоот ба истифода дода шуд. Дар боғи истироҳатии шаҳр мағозаи фурӯши гулҳо «Наргис» дари худро ба рӯи мизоҷон боз намуд. Чӣ тавре соҳибкор Наргис Раҳимова ба меҳмонон иттилоъ дод, бинобар талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба намудҳои гуногуни гулҳои ороишӣ ба ин иқдом рӯй овард. Минбаъд дар ин мағоза аз тамоми гӯшаву канор намудҳои гуногуну нодири гулҳо дастрас ва барои аҳолӣ пешкаш хоҳад шуд. Меҳмонон аз мағозаи гулҳо дидан карда, ба соҳибкор дар фаъолияти минбаъдааш барор таманно намуданд. Дар худи ҳамин мавзеъ дар паҳлӯи мағозаи гулфурӯшӣ як нуқтаи савдои хӯрокворӣ – «Канд-бургер» ба истифода дода шуд. Соҳибкор Шарифҷон Тӯйчиев гуфт, ки дар ин нуқтаи савдо ду нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев як нуқтаи доруфурӯшӣ ва ду майдончаи сунъии футболи хурди ҳозиразамон бо маблағи зиёда аз дусад ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Дар маркази шаҳр бошад, як маҷмааи хизматрасонии иборат аз ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва нуқтаи шустӯшуи мошинҳо ба хизмати умум пешкаш гардид. Соҳибкор Акмалҷон Комилов изҳор дошт, ки ҳаммоми буғии замонавии туркиро бо тарҳу намуди зебо бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинон бунёд кард. Дар оянда ният дорад дар рӯ ба рӯи ҳаммом шипанг ва майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон омода созад.

Инчунин дар истгоҳи нақлиёти мусофиркашони шаҳри Конибодом ошхонаи замонавии «Мустафо» дари худро ба рӯи мардум боз намуд. Соҳибкор Исмоилҷон Қаюмов ҳамроҳи фарзандонаш иқдом гирифта буд, ки барои мизоҷон бинои наву хуштарҳ сохта, хизматрасониро дар фазои наву шароити васеъ боз ҳам беҳтар намояд. Ӯ зимни суханронӣ байн кард, ки дар бинои нав таомҳои лазиз ва мухталиф барои мизоҷон пешкаш хоҳад шуд. Дар ин рӯз дар ошхонаи нав барои пиронсолон дастурхони идона ороста шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоотҳо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  Директори намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии мазнзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷалилзода Ашӯралӣ, муовини аввали раиси шаҳр Ёдгорӣ Фирдавс ва дигар роҳбарон, сарварони сохторҳо ва фаъолон  ширкат варзиданд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр зимни суханони табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва ифтитоҳи биноҳо ба соҳибкорон ҷиҳати пайгирии иқдому ташаббусҳои бунёдгароёна изҳори сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқоли сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Конибодом бунёди зиёда аз 300 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар 70 адади онҳо корҳо оғоз ёфтаанд. То ба имрӯз  зиёда аз 50 адад иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей