Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

639117
Сегодня
36
На этой неделе
1238
В этом месяце
3640
Итого
639117

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

05.11.2018

Табрикоти раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

 

Дар саҳифаи таърихи навини даврони соҳибистиқлолии кишварамон санаи 6 ноябр муқаддасу муътабар маҳсуб меёбад, зеро 24 сол муқаддам дар ин рӯз яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз, қабули Конститутсияи давлати тозаистиқлоламон ба вуқуъ пайвастааст.

Ин санади тақдирсоз ҳамчун қонуни асосии давлат дар муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин санади конститутсионӣ дар таърихи миллати тоҷикон ба шумор рафта, аз ҷониби халқ бевосита тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва он дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеа аз он сарчашма мегирад.

Солҳост, ки Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, бешак, кулли пешрафту дастовардҳои халқу давлатамон  бо қабули он алоқаманд аст.

Албатта, эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон маҳсуб ёфта, бунёди давлати ҳуқуқбунёд моро водор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, дар навбати аввал, меъёрҳои Конститутсияро таъмин намоем, зеро волоияти қонун шарти муҳиму асосии бунёди ҷомеаи мутамаддин аст.

Имрӯзҳо фазои мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар имконият фароҳам овардааст, ки ҳар яки мо бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш, бо шукргузорӣ аз чунин муҳити созанда барои рушду пешрафти ватани маҳбубамон ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ саъй намоем.

Ҷашн гирифтани ин санаи муборак, хусусун, дар ин айёми накӯ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон, ҳамчунин, дар арафаи боз як рӯйдоди воқеан таърихиву арзишманди даврони соҳибистиқлолиамон, ки бевосита тавассути ибтикор ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун навниҳоли айёми озодӣ меваи шаҳдбор ба бор меоварад, ин ҳам бошад, ба кор андохтани чархи аввалини нерӯгоҳи барқии обии Роғун боз ҳам гуворову хотирмон буда, бо боварӣ метавон гуфт, ки кулли сокинони шаҳрамон минбаъд низ бо руҳу илҳоми тоза ва беш аз пеш софдилонаву садоқатмандона дар ҷодаи ободиву сарсабзии диёри азизи хеш азму талош ва кӯшишҳои босамар хоҳанд кард.

Бо камоли эҳтиром, ҳамаи шумо -  ҳамшаҳриёни азизро ба ифтихори ин санаи муборак, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон саломативу сарбаландӣ, саодату хонаободӣ ва барору комёбиҳо орзумандам.

 

              Бо эҳтиром    

              раиси шаҳр                             Ғайбулло Боҳирӣ

Возврат к списку новостей