Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

639111
Сегодня
30
На этой неделе
1232
В этом месяце
3634
Итого
639111

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

02.11.2018

Ҳамкории мутақобилан судманд- омили пешгирии падидаҳои номатлуб

Имрӯзҳо тибқи ҷадвали вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бо аҳли ҷамоатчигӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, чунин вохӯрӣ рӯзи гузашта дар шаҳри Конибодом доир гардид, ки бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолону зиёиён, аҳли маориф, фаъолони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллӣ, сарварону омӯзгорони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагону ходимони дин сурат гирифт.

Дар мулоқот Ғаффорзода Нигорахон –сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Набиев Мирзотоҳир - мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Саидзода Баҳром-сардори шуъбаи бақайдгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ноболиғон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Мулоқотро муовини аввали раиси шаҳри Конибодом Фирдавс Ёдгорӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҳадафҳои он ошно намуд. Сипас дар назди иштирокдорон сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғаффорзода Нигорахон баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти падидаҳои номатлуб, алалхусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин аз муҳити оила ва ҷомеа дур мондани онҳост. Раванди сиёсии ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки имрӯз ҳар як шахс зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар муттаҳидӣ бар зидди ҳодисаҳои номақбул мубориза барад- таъкид шуд дар баромад. Номбурда дар идомаи суханрониаш аз афзоиши шумораи пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва оқибатҳои он, даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, бахусус занон, саркашии ҷавонписарон аз  хизмати ҳарбӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва зиёд шудани теъдоди муҳоҷирон аз ҳисоби занон ва ғайра изҳори нигаронӣ карда, диққати фаъолони шаҳрро ба ин масъалаҳои мубрами рӯз ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо даъват кард. Ӯ ҳамчунин, изҳороти бонувони вилояти Суғдро оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизму терроризм ба самъи ҳозириин расонида, дастур дод, ки шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкориро бо шӯрои занони ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо пурзӯр намуда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Набиев Мирзотоҳир дар хусуси аз ҷониби масъулин пайваста баргузор гаштани вохӯриву мулоқотҳои судманд дар самти пешгирии ин омилҳои номатлуби ҷомеа ҳарф зада, ҳифзи амният ва суботи сиёсиро амри зарурӣ дар ин ҷода арзёбӣ кард. Имрӯз ҷавонон ба ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ ҷалб гирифта мешаванд, ки ҳадаф фарогирии ҷавонон ба корҳои ҷамъиятию сиёсӣ буда, масъулияти онҳоро дар назди Ватан меафзояд. Мо дар кадом соҳае кору фаъолият накунем, бояд нисбати зуҳуроти ҷомеа ва тақдири наслҳо бетарафӣ зоҳир накунем. – ёдовар шуд мавсуф.

Саидзода Баҳром-сардори шуъбаи бақайдгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ноболиғон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд низ ба сухан баромада, аз қурбони терроризм гаштани ҷавонон дар ин ё он минтақа ҳарф зад. Пеш аз ҳама ҳар як ҷавон ҳушёр буда, сабабу омили шахсони ифротгар ва гуруҳҳои террористиро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».- зикр кард ӯ.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. – таъкид дошт номбурда. Саидзода Баҳром нақши манфии шабакаҳои ҷаҳонии интернетиро дар шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав қайд намуда, донистани техникаву технологияи муосир ва истифодаи босамари онро яке аз роҳҳои ҳалли масъала шуморид.

Дар фарҷом иштирокдорони мулоқот андешаҳояшонро бобати мавзуъ иброз доштанд.

 

 

Возврат к списку новостей