Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

639125
Сегодня
44
На этой неделе
1246
В этом месяце
3648
Итого
639125

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

30.10.2018

«СИНО» - ЛОИҲАЕСТ БА ХОТИРИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Дар  соҳаи тандурустии Конибодом якчанд лоиҳа татбиқ мегардад, ки лоиҳаи « Сино» яке аз онҳост.

Он «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи баромад» унвон гирифта, аз соли 2003 фаъолияташро роҳандозӣ намудааст. Восеъ, Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Файзобод ва тибқи Созишнома шаҳри  Конибодом  ноҳияҳои таҷрибавӣ интихоб шудаанд. Лоиҳа, ки  аз ҷониби агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мегардид, Конибодомро бо назардошти роҳандозӣ шудани лоиҳаҳои «Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ», обтаъминкунӣ дар контексти умумии Таъмини об, санитарӣ ва гигиена дарбар гирифтааст.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии КАТС/ тибби оилавӣ дар маҳалҳо  ва  ҳамкориҳо бо лоиҳаи «Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ » дар Тоҷикистон идома бахшида, минбаъд низ баҳри беҳтар гардидани сатҳи саломатии ҷомеа ва хидматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, шаффофият дар фаъолияти марказу бунгоҳҳои тиббӣ мусоидат менамояд.

Шарикони асосии лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, Марказҳои ҷумҳуриявии таълимию клиникии оилавӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим буда, иҷрокунандагон Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария ва ташкилоти «Наҷоти кӯдакон» маҳсуб меёбанд.   

Ҳадафҳои лоиҳаи Сино дар Конибодом аз 8 сентябри соли 2017 то 2021 татбиқ гардида ,   алҳол 37 дастаи ҷомеавии саломатӣ таъсис  ёфтааст, ки 1127 вохӯриҳои муҳокима ва амалиёти якҷоя (МАЯ) доир намудааст.

Дар доираҳои нақшаҳои лоиҳа Марказҳои саломатии деҳаҳои Ҷаҳонзеб, Хамирҷӯ, Ортиқов, Дӯстӣ ва ташхисгоҳҳои онҳо аз таъмири хушсифат бароварда, бо таҷҳизоту ашёҳои лозима муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Қарор аст, то фарҷоми сол марказҳои саломатии деҳоти  Ниёзбек, Диловарон, Патар, Зарбед ва Пўлодон низ  таъмир ва муҷаҳҳаз хоҳанд шуд. Дурнамо ва интизориҳои Лоиҳа таъмири инфрасохтории марказҳои саломатии деҳот ва озмоишгоҳҳои назди онҳо то соли 2021, ҳамкорӣ бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар доираи ҷорӣ намудани Дастури «Шарикӣ бо ҷомеаҳо оид ба масъалаҳои саломатӣ», мусоидат  ба ҷомеаҳо баҳри беҳтар намудани солимии аҳолӣ дар деҳот ва ҷудо намудани  грантҳои хурд, дастрасӣ ба фондҳои ёрии таъҷилӣ мебошад.

                                                                       Фирўзаи АБДУЛАЗИЗ

 

Возврат к списку новостей