Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

639111
Сегодня
30
На этой неделе
1232
В этом месяце
3634
Итого
639111

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

29.10.2018

Иштирок дар фестивали «Оши палав»

Дар фестивали «Оши палав», ки 25 октябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Чойхонаи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукуҳу шаҳомати хоса доир гашт, дар радифи дигар намояндагони шаҳру навоҳии вилоят ошпазҳои моҳиру чирадасти шаҳри Конибодом низ ширкат доштанд. Ҳоҷибой Фозилов- ошпази номӣ аз тӯйхонаи «Шоҳона» ва Илҳомҷон Ғафуров аз тӯйхонаи «Тоҷи Канд» дар рафти омода намудани оши палав фаъолонаву моҳирона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Аз ҷумла, Ҳоҷибой Фозилов дар бахши реза намудани сабзӣ - «Дастони моҳир» зинаи сеюмро  соҳиб гашта, бо мукофотпӯлӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Дар маҷмуъ намояндагони шаҳрамон дар рафти фестивал-озмуни мазкур ширкати фаъол дошта, дар ороиши хайма, дастурхони идона маҳорати беҳамто нишон доданд.

Боиси зикр аст, ки барои иштироки ҳунармандонамон дар намоиши мазкур роҳбарони тӯйхонаҳои «Шоҳона»- Ғуломбой Акбаров ва «Тоҷи Канд» - Пӯлодҷон Каримҷонов кӯмак расониданд. Инчунин, дар омода намудани хайма ва ороиши дастурхони махсус мутахассиси пешбари Маркази эҳёи атласу адраси Суғд Ойхон Исҳоқова, ороишгари тӯйхонаи «Шоҳона» Наимҷон Исмоилов ва кормандони шуъбаи рушди иқтисод ва савдои дастгоҳ раиси шаҳр саҳми назаррас гузоштанд.

Возврат к списку новостей