Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665629
Сегодня
57
На этой неделе
350
В этом месяце
3084
Итого
665629
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

10.10.2018

Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ

Санаи 10 октябри соли ҷорӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар толори коллеҷи технологии шаҳри Конибодом маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо иштироки аъзоёни кумиҷроия, раисони ташкилоти ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид. Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома «Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом» раиси кумиҷроия Бобоҷонзода Азимҷон  маърӯза намуда, оид ба ҳамаи паҳлӯҳои самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2018 муфассал ҳисобот дод. Роҷеъ ба маърӯзаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр Ғаффоров А, аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» Орипов Н, омӯзгори МТМУ 29 Толибова М. ба музокира баромаданд.  Муовини раиси шаҳр Ҳомидӣ Илҳом аз фаъолияти нӯҳмоҳаи кумиҷроияи ҲХДТ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри ислоҳу камбудиҳои норасоиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ,интизоми дохилиҳизбӣ, қабули босифати аъзои ҲХДТ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ ба ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз рӯи масъалаи дуввуми маҷлис Раиси кумиҷроия Бобоҷонзода Азимҷон оид ба рафти «Обуна-2019» ва корҳои ташкилии сохтмони бинои КИ ҲХДТ баромад намуда, ба масъулин вазифагузорӣ намуд. Инчунин, дар вазъияти тантанавӣ барои якчанд фаъолони ҲХДТ сипоснома ва ба якчанд ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. 

Возврат к списку новостей