Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633086
Сегодня
178
На этой неделе
1405
В этом месяце
3695
Итого
633086

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

10.10.2018

Қаламкашон дар ҳашари пахтачинӣ

Аҳли эҷод ва коркунони идораи рӯзномаи шаҳрии «Садои Конибодом» низ дар қатори дигар сокинони шаҳр ва кормандони соҳоти мухталиф ба саҳро баромада, дар ҷамъоварии тиллои сафед саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Онон низ ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар ҳашари пахтачинӣ ширкат меварзанд.

Чи тавре ки рузноманигор Марҳабо Муллоҷонова мегӯяд, онҳо хостанд аз маъракаи пахтачинӣ дар канор намонанд ва  заррае бошад ҳам, дар беталаф ҷамъоварӣ намудани ин ҳосили деҳқон ҳиссагузорӣ кунанд. Ҳамзамон, мавсуф иброз дошт, ки боду ҳавои тозаи саҳро, ҳосили фаровони пахта ба аҳли эҷод боз ҳам рӯху илҳоми тоза мебахшад.

Ҳамин тавр, ҳайати рӯзномаи шаҳрӣ дар паҳлӯи чинакчиёни хоҷагии деҳқонии «Додобек»-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов қарор гирифта, пахта чида, ба хирмани давлат супориданд.

Возврат к списку новостей