Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

645708
Сегодня
121
На этой неделе
341
В этом месяце
3357
Итого
645708
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

06.10.2018

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон

Дар Қасри фарҳанги «Мошинсозон»-и шаҳри Конибодом ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон  ҷамъомади тантанавӣ  баргузор гардид.

Раиси шаҳр Боҳирӣ Ғайбулло Нозир тавъам омадани ин ду санаи фархунда - Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгоронро фоли нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки маҳз устоду мураббӣ дар омӯзиш ва афзудани меҳру муҳаббати кӯдак нисбати забони модариаш саҳми дарвоқеъ  шоиставу арзанда дорад.  Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ бо рангу ҷилои нав дурахшида, бо  шӯълаҳои худ рӯзгори моро  таровати тоза ва  баракати рӯзафзун бахшид.Таъкид намуд, ки вазифаи ҳар яки мо покиза нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтироми он ва чун модар азизу гиромӣ донистан аст, зеро ватанпарастиву миллатдӯстӣ маҳз аз чунин хислатҳои накӯ сарчашма мегирад. Ҳифзу нигаҳдошти забони давлатӣ ва устуворию пойдории он пеш аз ҳама, ба дӯши омӯзгор гузошта мешавад ва беҳуда нест, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон ба   соҳаи  маориф  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онро яке аз омилҳои  муҳимтарини тараққиёт ва пешрафти ҷомеа  меҳисобанд. Маҳз аз ин рӯ, омӯзгор рӯз то рӯз дар ҷомеаи мо мақоми волоро соҳиб шуда, чун машъалафрӯзи роҳи саодат эътироф гардидааст.

- гуфта шуд зимни суханронӣ.

Изҳори умед карда шуд, ки мардуми бомаърифати шаҳр, бахусус, аҳли зиёву маориф баҳри покизагӣ ва пояндагии забони модарӣ ва дар самти таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ кӯшиш намуда, дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми шоиста мегузоранд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ин муносибат ба самъи ҳозирин расонид.

Ба як гуруҳ фаъолону пешқадамони соҳаи маориф ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар татбиқи забони давлатӣ саҳми арзанда гузошта, фаъолияти пурсамар доранд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ карда шуданд. Мудири кабинети методии раёсати маорифи шаҳр Иномҷон Бобоҷонов бо унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Композитсияи адабии муҳассилини макотиби шаҳр ва барномаи рангини аҳли ҳунар идомабахши чорабинии идона гардид.

Возврат к списку новостей