Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633078
Сегодня
170
На этой неделе
1397
В этом месяце
3687
Итого
633078

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

06.10.2018

Бахшида ба иди касбии омӯзгор Мақом ва манзалати муаллим ва ё

 

                                      Мақом ва манзалати муаллим

 ва ё муаллим ба манзалати падар аст

                                                                       Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор

                                                                      Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

                                                                                                                        (Ҷомӣ)

Ҳуқуқи муаллимро он нафароне мешиносанд, медонанд ва эҳтирому қадрдонӣ мекунанд, ки худ қимату дараҷа ва манзалати илмро медонанд, зеро илм нур аст ва нодонӣ торикиву зулумот ва илм инсонро аз зулумоти нодонӣ ба нур мебарорад, ки ба воситаи он  инсон ҳаётро дарк мекунад ва муаллим он нафаре аст, ки моёнро ба ин нур далолат ва раҳнамоӣ мекунад ва ба воситаи нур торикиҳои зиндагӣ равшан мешавад ва инсон роҳгум намезанад ва муаллим ҳамеша аз пешрафти шогирд шод асту мамнун ва хурсанд ва ҳамеша шогирдонро ба ахлоқи некӯ, одоби писандида ва барои гирифтани илму дониш далолату даъват мекунад ва тамоми ҳастии худро дар ин кор сарф мекунад ва ана аз ин ҷо аст, ки бо ифтихор ин шахсро муаллим, омӯзгор ва устод гуфта мешаваду як умр шогирдон бо дидани ин шахсияти муътабар қадам ба сӯяш мегузоранд ва бо эҳтиром иззаташро ба ҷо меоваранд. Пас шогирдро бояд, ки ҳамеша итоати муаллимро ба ҷо оварад ва чун сухан кунад аз ӯ иҷозат пурсад, вақте дарсро нафаҳмид эҳтиромона такрори онро пурсад, ҳангоми суханкунии муаллим суханони ӯро набурад ва бо диққату оромона ва ҷиддӣ дарсро гӯш диҳад ва хомӯш бошад, агар муаллим ба шогирди дигар савол диҳад дар ҷавоб пешдастӣ накунад, ҳамеша муаллимро чӣ дар ҳоли ҳаёту баъди он ба некӣ ёдоварӣ кунад ва дасти дуо дар ҳаққаш бардошта бошад. Ҳикоя мекунанд, ки Имом Аҳмад (раҳмати Худо бод) вақте дуо мекарданд, қабл аз падару модар аввал дар ҳаққи устодашон Имом Шофиӣ (раҳмати Худо ба эшон бод) дуои хайр мекарданд ва чун фарзандашон сабаб пурсиданд, гуфтанд: Оё Имом Шофииро мешиносӣ, ки ҳастанд? Он шахс ба мисли офтоби тобон ҳастанд барои олам, қуввати дил ҳастанду саломатии ҷисм ва агар Шофиӣ намебуданд мо оятҳои носиху мансухро намешинохтем...

Дар суханони Пайғамбари бузургвор омадааст: Падарон се гунаанд: Он ки воситаи офариниши туст, он ки занат дода (падарарӯс) ва он ки илмат омӯхта.

Зиндагии бузургони миллат барои ҳар фарди солеҳу солим дарси зиндагӣ аст ва сабаби пешрафту соҳибқадр гардидан ӯ дар ҷомеа мебошад. Пас эҳтироми муаллим воҷиб аст ва баробари ҳурмату эҳтироми падар ва ҳатто аз он зиёдтар аст, чунончӣ дар ин маънӣ бузургон фармудаанд:

                                                                       Хаққи устод аз падар беш аст,

                                                                        В-аз падар устод дар пеш аст.

Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд: Аллоҳи бузург баракати илмро дар эҳтиром ба устод қарор додааст.

Пас шогирдро зарур ва воҷиб аст, ки эҳтирому иззат ва қадрдонии муаллимро ба ҷо оварад ва дар хидмати устод бошад ва бо дуои неки  ӯ ба қуллаву дараҷаҳои болову воло расида бошад ва фаромӯш накунад, ки имрӯз хизмати устод мекунад ва фардо худ устод мешавад ва шогирдон дар хизмати ӯ қоим мешаванд. Ва  ҳар шахси муваффақ, соҳибмансабу соҳибдавлат таълими худро назди муаллим гирифта ва муаллим аст, ки шогирдро рост ва омодаи ҳаёт намуда...

Дар ин маънӣ фармудаанд:

                                 Ҳар кӣ шуд вазиру шоҳу олим,

                                     Гирифт таълим аввал аз муаллим.

Ҳидоятов Н., муовини раиси Шӯрои уламои дини шаҳри Конибодом

 

Возврат к списку новостей