Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633070
Сегодня
162
На этой неделе
1389
В этом месяце
3679
Итого
633070

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

06.10.2018

Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Ҷонон Ӯрунова дар ҷ/д ба номи Э.Шарифов

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар шаҳру деҳот мумфаршкунии роҳҳо пайваста ҷараён дошта, роҳҳо ободтар мегарданд.  Сокинони яке аз кӯчаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов низ азм намуда, ба хотири ободии маҳал роҳи кӯчаи худро мумфарш намуданд. Роҳи кӯчаи мазкур ба масофаи зиёда аз 500 метр бо сифати баланд мумфарш карда шуд. Бо иқдоми яке аз сокинони маҳалла Наим Мамадов ва дастгириву сарҷамъии кулли бошандагон ин амали нек рӯи кор омада, ҳамагон басо хушнуданд. Инак аз ҳисоби маблағи ҷамъовардаи сокинон кӯчаи ба номи Ҷонон Ӯрунова бо сифати баланд тариқи ҳашар ҳамвору мумфарш гардид. Дар ин кӯча алҳол зиёда аз 40 хоҷагӣ зиндагӣ дошта, ният доранд маҳалли зисташонро ободу зебо гардонанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом дар самти ободиву хуррамгардонӣ пешсаф буда, роҳбарияти ҷамоат дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Ёдовар бояд шуд, ки то ҷашни бузурги 30-солагӣ дар шаҳри Конибодом бунёди 210 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин ҷашни бузурги давлатӣ сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.

Возврат к списку новостей