Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633079
Сегодня
171
На этой неделе
1398
В этом месяце
3688
Итого
633079

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

05.10.2018

Паёми табрикии раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони  гиромӣ!

Чуноне  ки    маълум   аст,  санаи 1-уми октябри соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул намуд ва он дар таърихи 5-уми октябр аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуд.

Инак, чанд сол ин ҷониб, ин санаи фархунда дар кишварамон, чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад.   

Таърих гувоҳ аст, ки ба шарофати сиёсати фарҳангии Сомониён забони мо  неруманд шуда, чун шаҳбозе ба парвоз омад ва бар сари бисёр кишварҳо соя афканд ва мардум аз шириниҳои он ба ваҷд омаданд. Аз нафаси чун боди сабо форам ва аз савтиёти дилангези он шеър чун оби чашмасорон  ҷорӣ гардида,  беҳуда нест, ки   беш аз панҷ ҳазор нафар шоирон бо ин забон соҳибдевон шудаанд.

   Дар даврони шӯравӣ хизматҳои устод Садриддин Айнӣ бобати нигаҳдошти забони тоҷикӣ беҳамто буда, эшон чун муҷассамаи зиндаи натанҳо забону адабиёт ва таъриху фарҳанг, балки ҳастии миллат низ эътироф шудаанд.

    Бисту ҳафт сол аст, ки дар кишварамон парчами  Истиқлолият  бо ҷилои нав дурахшида,  садоҳо бо  сухани шевои тоҷикӣ аз  минбарҳои  байналмилалӣ, хусусан, ҳангоми суханрониҳои Пешвои миллатамон танинандоз аст. Маҳз, имрӯз  забон дар паноҳи давлат қарор гирифта, сиёсати забон ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат аст ва дар ин замина таркиби луғавии забони адабии тоҷик сифатан тағйир ёфта, аз калимаву истилоҳоти нави сиёсӣ саршор аст.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом ҳамагонро ба  гиромидошти забони модарӣ ҳидоят менамоянд. Аз ҷумла, дар ин маврид таъкид кардаанд: «Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад».

    Эътимодамон қавист, ки сокинони фарҳангдӯсту бомаърифати Канди бостонӣ низ забони модариамонро мудом азизу гиромӣ дониста, барои покизагӣ ва пояндагии он саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

   Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ кулли сокинони шаҳрро муборакбодӣ намуда, бароятон сиҳатмандӣ, саодату нусрат ва  ба забони шоиронаи тоҷикӣ умри ҷовидон орзу менамоям.

    Ҷашни фарҳангӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

                    Бо эҳтиром, раиси шаҳр                   Ғайбулло Боҳирӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей