Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675056
Сегодня
45
На этой неделе
1568
В этом месяце
6624
Итого
675056
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

05.10.2018

Ҷараёни ҷамъоварӣ ва коркарди пахта

Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Конибодом имсол дар майдони 6000 гектар пахта кишт намуда, имрӯзҳо  бостифода аз боду ҳавои мусоид ба ҷамъоварии ҳосили гаронбаҳо машғуланд. Пахтакорони ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев яке аз пешсафон буда, аллакай 2 ҳазору 200 тонна ҳосил ҷамъовар карданд, ки дар ин натиҷаи дилхоҳ  хоҷагии деҳқонии ,,Бекобод" пешсаф мебошад. Деҳқони  хоҷагӣ Муаззама Наҷмиддинова мегӯяд, ки ҳамарӯза то 120-килограммӣ пахта ҷамъоварӣ намуда, маблағи чинишро ҳамарӯза  мегирад. Дигар кишоварзон ҳам аз меҳнати ҳаррӯза қаноатманду мамнун буда, муздашонро саривакт мегиранд.

Дар шаҳри конибодом якчанд корхонаҳои коркарди пахта мавчуд буда, ҳоло  пурра  ба  коркарди пахта машғуланд. Яке аз онҳо корхонаи коркарди пахтаи  «Конибодом-коттон» ва «Ориён-коттон» мебошанд, ки айни замон фаъолияташон ба коркарди ин маҳсулот равона карда шудааст ва аз хоҷагиҳои инфиродӣ ва деҳқонӣ тилло сафедро қабул ва коркард карда истодаанд.

Имсол пахтакорони шуҳратёри Конибодом дар ҷамъбасти бистрӯза дар вилояти Суғд ҷойи аввалро соҳиб шуданд. То ин дам ба миқдори 7500 тонна ҳосили гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки то охири мавсим зиёда аз 10000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад.                 

Возврат к списку новостей