Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654915
Сегодня
27
На этой неделе
378
В этом месяце
5518
Итого
654915
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

14.09.2018

Ҷараёни тамрини намоишномаи “Мо ҳама баробарем”

Лоиҳаи нави “Мо ҳама баробарем”, ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” татбиқ гардида истодааст, бо маблағгузории Ташкилоти Байналмиллалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Ин намоишнома нигоҳи мардумро ба шахсони маъюб комилан дигаргун хоҳад кард.

Ду моҳ аст, ки дар бинои Кохи фарҳанги шаҳри Конибодом тамрини намоишномаи “Мо ҳама баробарем” идома дорад. Ҳунармандон ва шахсони имконияташон маҳдуд бо ҳамроҳии муаллифи намоишнома ва басаҳнагузоранда намоишномаро бомуваффақият тамрин мекунанд. Ҳангоми тамрин ба тарзи суханронӣ, табиӣ бозидани нақшҳо ва нишон додани мушкилотии воқеии шахсони дорои имконияти маҳдуд аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

“Ин намоишнома нигоҳи мардумро ба шахсони маъюб дигар мекунад”,-изҳор дошт яке аз иҷрокунандагони нақши асосӣ Шамсиддин.

Тавре қаблан навишта будем, аз моҳи июли соли ҷорӣ Ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода “ Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони “Дунёи озод” лоиҳаи наверо оғоз намуд, ки ба фароҳам овардани шароит барои амалисозии имкониятҳои эҷодӣ ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти наврасон ба рушди маънавӣ, инкишофи ахлоқии кӯдакон ва ҷавонони дорои имконияти маҳдуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд нигаронида шудааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур сохтани намоишномаи театрии фарогир (инклюзивӣ) бо ҷалби ҳунармандонии касбии маҳаллӣ, кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ва наврасони дигар дар заминаи Маркази бисёрсоҳаи барқарорсозӣ ва беҳдошти кӯдакони дорои имконияти маҳдуди шаҳри Конибодом мебошад.

Дар назар аст, ки нахустнамоиши “Мо ҳама баробарем” моҳи октябр дар маркази шаҳри Конибодом бо ширкати васеи аҳли ҷомеа баргузор гардад. Сипас, ҳунармандон бо ин намоишнома ба ҷамоату деҳаҳои мухталиф сафари ҳунарӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳамдиёрони хешро барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию ҳуқуқии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ҷалб хоҳанд кард. ( Дар акс лаҳзаҳои тамрини намоишномаи “Мо ҳама баробарем”).

Возврат к списку новостей