Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

628205
Сегодня
264
На этой неделе
949
В этом месяце
169367
Итого
628205
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

11.09.2018

Чаро?

Агар даврони таърихи истиқлолиятро варақгардон кунем ва холисона баҳогузорӣ намоем ва дар тарозуи ақл ва тарозуи инсонӣ амалҳои содиршуда ва тамоми пешрафту тараққиёти замони сипаришударо баркашем, аз ин ҳизби мамнуъ ба ҷомеа ягон фоидаеро намебинем, баръакс зарару зиёни он ба миллат бисёр расидааст, ки онро таърих хеле равшану возеҳ исбот кард ва карда истодааст ва мекунад, чунончӣ ба иттифоқ метавон гуфт, ки ин ҳизб сабаби хонавайронии садҳо ҳазор шаҳрвандон шуда, ки аз хонаву дари худ дур афтода, дар хоки ғарибӣ рӯзҳои сахтро пушти сар кард ва раҳбарони ТТЭ ҲНИ аз ҳисоби ин гурезаҳо  дар хориҷа соҳиби чӣ қадар молу мулк шуданд ва имрӯзҳо Кабирӣ ва дигар пайравони ҳизби мамнуъ тиҷорат ва зиндагии худро давом дода, бо даст додани фурсат ба Ҳукумату Миллат сангзанӣ доранд, ки ҳама ин суханон бо далелҳои раднашаванда исботи худро ёфтааст.

Миллати сарбаланди тоҷик аз он рӯзе, ки дини исломро пазируфт соҳибмазҳаб асту то ба имрӯз қадамҳои худро устуворона ба пеш гузошта, чӣ қадар душманон ва душмании душманонро пушти сар карду карда истодааст ва пайравонашро зиёд намуд ва зиёд намуда истодааст ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳибқадр гардидааст.

Мазҳаб ин қадар софу беолоиш аст, аммо афсӯс раҳбарон ва баъзе аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҷавононро ба шиашавӣ даъват мекунанд, сабаб чист? Ин савол ба зеҳни ҳар як соҳибақл меояд ва ба иттифоқ метавон гуфт, ки ҳалол кардани маблағҳои пулии аз хориҷа гирифташуда аст ва ана ин ҷо нуқтаи муҳим аст, ки бояд ҷавонони миллат нек дарк кунанд, ки он аз номи ислом истифода бурдани дин ба фоидаи худ ва дар ин асос шикори дунё аст, ки на Миллат ва на мардуми он онро намебахшад, зеро ин ошкоро душманӣ аст бо дини Худо ва Худованди мутаъол зуд аст, ки онҳоро мубталои мусибате кунад, ки дигар пушаймони суде надорад ва ҳамаи инро бояд ҷавонони миллат бо ду чашми дил дида бошанд, то дар доми фиреби наҳзатиён наафтанд.

Ҳидоятов Н – муовини аввали раиси Шӯрои уламои ш. Конибодом

Дадаҷонов Ш – имомхатиби масҷиди ҷомеи Имом Муслими ш.Конибодом

Возврат к списку новостей