Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

639123
Сегодня
42
На этой неделе
1244
В этом месяце
3646
Итого
639123

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

10.09.2018

Ба истифода дода шудани якчанд иншооти ҷашнӣ

Дар рӯзи таҷлили 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Сараввал бо иштироки намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ - директори генералии КВД Хоҷагии манзилию коммуналии ҶТ Исломзода Тағоймурод, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷалилзода Ашӯралӣ, раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи М.Ломоносов оғоз бахшида шуд.

Баъдан бо иштироки меҳмонон дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев сехи оҳангарӣ ба кор шуруъ кард. Инчунин, дар шафати беморхонаи марказии шаҳр бинои нави коллеҷи тиббии шаҳр барои машғулиятҳои амалию лабораторӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ҷамоати деҳоти Патар аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ҳаммоми нави замонавӣ бо дарбаргирии тамоми шароитҳо хуб сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дар назди бахши фарҳанги шаҳр як толори варзишӣ пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои мухлисони варзиш дар рӯзи ид туҳфаи арзанда гардид.

Меҳмонон аз ҳар як иншооти ҷашнӣ дидан карда, бо масъулон ва соҳибкорони он ҳамсуҳбат шуда, баҳри пайгирии минбаъдаи чунин иқдомоти наҷиб даъват карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки иншоотҳои мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода дода шуда, дар ин радиф то ҷашн ҳамагӣ 91 иншоот бунёд хоҳад шуд. Аз ин шумор то ба имрӯз зиёда аз 20 адад мавриди истифода қарор дода шуда, дар дигар иншоот низ кор босувъат идома дорад.

Возврат к списку новостей