Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

639112
Сегодня
31
На этой неделе
1233
В этом месяце
3635
Итого
639112

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

10.09.2018

Кӯмаки яквақтаи Раиси вилояти Суғд ба шахсони барӯманди ш. Конибодом

Субҳи 7 сентябр ба 8 нафар собиқадорони меҳнати шаҳри Конибодом-шахсони барӯманд, ки солҳои зиёд дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳмгузорӣ намудаанд, кӯмакҳои яквақтаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд.

Нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷалилзода Ашӯралӣ ва муовини раиси шаҳри Конибодом Асрор Ғуфронзода чанд тан собиқадоронро дар манзили истиқоматиашон аёдат намуда, онҳоро аз номи Раиси вилояти Суғд бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ – солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии кишвар шодбош гуфтанд.

Баъдан дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба як гуруҳ шахсони барӯманд кӯмаки яквақтаи раиси вилояти Суғдро дар ҳаҷми 500 сомонӣ тақдим намуд.

Номбурда зикр намуд, ки маҳз заҳмату талошҳои пайвастаи халқи сарбаланди тоҷик, хусусан, насли калонсол таҳти роҳбарии сарвари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлати мо мустақилият ба даст оварда, имрӯз осудагиву пешрафт дар кишвар ҳукмрон аст. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду такомул ёфта, мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва амният зиндагӣ доранд.

Собиқадорон аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ баён намуданд.

Возврат к списку новостей