Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

628211
Сегодня
270
На этой неделе
955
В этом месяце
169373
Итого
628211
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

08.09.2018

Ҷамъомади тантанавӣ ва консерти идона ба муносибати 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Дар қатори дигар мардуми кишвар сокинони сарбаланди шаҳри Конибодом бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни фархунда - 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба гирифта, бо руҳияи баланди идона, ифтихори воло аз Ватану ватандорӣ, шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азиз ин санаи муқаддас - солгарди навбатии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд.

Ба ин муносибат дар назди маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон, насли наврасу ҷавон ва оммаи васеи аҳолии шаҳр  бо фараҳмандиву шодмонӣ ин санаи саодатофар таҷлил карда шуд.

Нахуст дар даромадгоҳи идгоҳ намоиши маҳсули дастии кӯдакистонҳо ва ҳунари тарбиятгирандагон, инчунин маҳсули дастии ҳунармандони шаҳру деҳот доир гашт, ки меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ аз онҳо дидан карданд.

Ҷамъомади тантанавиро Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ оғоз бахшида, кулли сокинони шаҳрро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ шодбош гуфт ва аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мардуми шаҳри Конибодомро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят табрику муборакбод гуфтанд. Инчунин, намояндаи ноҳияи Бешариқи Чумҳурии Узбекистон низ баромад намуда, халқи Тоҷикистонро бо чашни Истиклолият шодбош гуфт.

Тавре ки қайд карда шуд, бо гузашти ҳазор сол ба халқи мо муяссар шуд, ки дубора соҳиби давлати озод гардида, бо роҳбариву ҳидоятҳои Сарвари давлат давоми беш аз ду даҳсолаи охир ба нишондиҳандаҳои хубу назаррас дар ҳамаи бахшҳо ноил гардад. Имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун як давлати рушд намуда ва макони сулҳу субот кишварҳои ҷаҳон мешиносанд. Дар идомаи суханронӣ намояндаи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муфассал ёдоварӣ намуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми кишвар дар оянда низ баҳри ба даст овардани нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ содиқона, хубтару бештар заҳмат хоҳанд кашид.

Пас аз суханони табрикотӣ маросими супоридани Ифтихорномаву сипосномаҳо сурат гирифт. Фаъолону пешқадамон, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр саҳмгузорӣ менамоянд, аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.

Қисмати фарҳангии ҷамъомади тантанавиро композитсияи адабӣ таҳти унвони «Истиқлолият - рамзи саодати халқ», ки муҳтавои истиқлолу озодии миллати тоҷикро олӣ таҷасссум намуд, ифтитоҳ бахшид.

Аҳли санъат бо суруду таронаҳои ватандорӣ васфи Тоҷикистон, сулҳу субот ва рушду пешравии Тоҷикистонро намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей