Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633069
Сегодня
161
На этой неделе
1388
В этом месяце
3678
Итого
633069

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

10.08.2018

Изҳороти кормандон ва омӯзгорони Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Кулли мардуми шарифу сулҳпарвар ва ҳунарманду бунёдкори Ватани азизамон иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро бо хушнудию фараҳмандӣ истиқбол намуда, дар амалӣ намудани он софдилона ҷаҳду ҷадал карда истодааст.

Аммо хоинони миллати тамаддунофару Ватани биҳиштосои мо хостанд, ки бо фармони хоҷагони разили худ, амали нангини ҳамлаи террористиро ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара анҷом дода, онро халалдор созанд.

Ин рӯйдод бори дигар исбот кард, ки ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо хоинони давлат будаанд ва ғарази бадномкунии Тоҷикистонро доранд, онҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистони азизамон рушд ёбад.

Амалҳои ҷиноятии онҳо бар муқобили манфиатҳои давлатамон буда,  кирдори душманона ба давлату миллат ва садди нумӯъи мамлакат мебошад.

Тири душманони Тоҷикистони азизамон хок хӯрд. Пиру барно кирдори ҷинояту хиёнаткоронаро маҳкум намуда, боз ҳам қавитар сиёсати дурандешонаи Сарвари давлатро дастгирӣ карда истодаанд, ки нишони олии ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мебошад.  

Мо, омӯзгорон ва кормандони  Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом  ин  ҳодисаи нафратборро қатъиян маҳкум мекунем. Мо ба Тоҷикистони  азиз ва Пешвои муаззами миллат содиқем!

 

 

Ҷомеаи омӯзгорони Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом

 

Возврат к списку новостей