Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

644154
Сегодня
110
На этой неделе
356
В этом месяце
1803
Итого
644154
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.08.2018

“Рафтори хоинони Ватан нобахшиданист”.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовинони раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони ташкилоту сохторҳо ва фаъолон вобаста ба масъалаи маҳкумкунии ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа ҷаласа доир гашт. Кори ҷаласаро муовини аввали раиси шаҳр Фирдавс Ёдгорӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.

Нахуст, дар назди ҳозирин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Баҳодур Маҳмудов ба сухан баромада, оид ба ҳодисаи нохуше, ки дар ноҳияи Данғара руй дод, маълумоти муфассал дод. Қайд намуд, ки санаи 29 июли соли ҷорӣ дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ гуруҳи террористон ҳамла намуданд. Дар натиҷа 2 нафар сайёҳ аз ИМА, 1 нафар шаҳрванди Нидерландия, 1 нафар шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расиданд. Зикр гашт, ки ҳодисаи мазкур барои халқи тоҷик басо нанговар маҳсуб меёбад. У дар идомаи суханронии хеш иштирокдоронро ба ҳушёрию зиракӣ даъват кард. Таъкид гашт, ки тибқи ҷадвали махсус дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ то имрӯз дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар бобати ҳодисаи нангину мудҳиш нисбати сайёҳон суҳбату вохӯриҳо сурат гирифта, моҳияти аслии масъалаи мазкур фаҳмонида дода шуд.

Сипас, муовини сардори шуъбаи шаҳрии Раёсати КДАМ ҶТ Ҷумъахон Пиров ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм, ҷиноятсодиркунӣ аз тарафи ноболиғону ҷавонон, содир шудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, қаллобӣ, дуздӣ, қонунвайронкунӣ, зӯроварӣ, ки аз тарафи шаҳрвандон содир карда шудааст, маълумот дод. У маънои аслии калимаҳои терроризм ва экстремизм, инчунин, гуруҳҳои экстремистӣ ва мақсади онҳоро шарҳ дод. Аз ҷумла, қайд кард, ки мутаассифона, имрӯзҳо аз шаҳри Конибодом низ чандин нафар дар муҳорибаҳои Ироқу Шом ширкат доранд ва ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар ин самт ҳудуди осебпазир маҳсуб меёбад. Ин масъала ташвишовар буда, ҷиҳати баргардонидани онҳо ҳамагон бояд кӯшиш варзанд. Таъкид гашт, ки фаъолон корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо тақвият бахшида, инчунин, ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва хизмати содиқона ба Ватан аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Зикр шуд, ки мутаассифона, солҳои охир дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон нотинҷиву нооромӣ ҳукмфармо буда, қисме аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил шуда истодаанд. Ҷангҳои Афғонистон, Сурия ва дигар давлатҳои ноамн моро водор месозанд, ки ҳушёр бошем. Тоҷикистони соҳибистиқолол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, имрӯзҳо ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

  • Ҳар як падару модар пайваста огоҳ бошад, ки фарзандонаш бо чи кор машғуланд, бо киҳо ҳамнишинанд. Инчунин, ҳар як сокини шаҳру деҳот дар сурати пайдо шудани шахсони бегона ва шубҳанок дар ҳудуди маҳалли зист ва гирду атроф оҷилан ба раиси маҳалла хабар дода, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робита намояд. Дар ин самт фаъолияти нозирони минтақавӣ ни пурзӯр карда шавад,- гуфт шуд дар идомаи суханронӣ.

Инчунин, аз шароити мусоиди динӣ дар кишвар ҳарф зада,  мавҷудияти шумораи бештари масҷидҳоро дар мамлакат нишони фазои мусоиди динӣ барои мусалмонон арзёбӣ кард.

Зимни суханрониҳо Сардори шуъбаи шаҳрии ВКД ҶТ Алимардон Маҳмадзода низ баромад намуда, аз ҳодисаи мудҳиш ва ноҷавонмардони хоинони миллат ёдовар шуд. Мардумро ба ҳушёрӣ ва масъулиятшиносиву боэътибор будан нисбати рафтору кирдори фарзандону наздикон даъват кард. Махсусан, нисбати рафтору гуфтори фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бояд ҳушёру бодиққат буда, саривақт аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароро пешгирӣ намоем. Гуфта шуд, ки 95 дарсади ҷавононе, ки даст ба ҷиноят ва номатлубӣ даст мезананд, маълумоти кофӣ надоранд, қисми зиёди онҳо танҳо маълумоти миёна доранду халос.  Маҳз аз ин лиҳоз, гумроҳ намудани онон осон ба даст меояд. Дар маҷмуъ барои пиёда сохтани сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҳамаи сокинон ва роҳбарони ташкилоту сохторҳо дар пайвастагӣ талош варзида, баҳри пешрафти Ватан саҳмгузорӣ намоянд,- таъкид намуд ӯ.

Сархатиби шаҳр Аббосхон Аброров низ суханронӣ карда, ҳодисаҳои номатлубро аз нигоҳи динӣ шаҳр дод. У дар баромади худ аз покизагии дини мубини Ислом, ваҳшонияти амалҳои нобакорон ва оқибати он, шукргузорӣ аз замони тинҷу осуда ва зиндагии фаровон мутазаккир шуд. Дини ислом дини раҳму шафқат ва сулҳу сафост,шариати Ислом пок буда, ҳама гуна амалҳои ношоистаро манъ менамояд. Қайд гашт, ки ҳар амалеро дар ин дунё ва охират албатта сазоест. Ин хоинони миллат низ ҷазои амали худро хоҳанд гирифт. Ҳодисае, ки бо сарпарастии собиқ ҲНИТ аз тарафи худи шаҳрвандони гумроҳи мо ба вуқуъ пайваст, бори дигар собит сохт, ки мавҷудияти ин ҳизби мамнуъ барои тамоми халқҳои ҷаҳон хатарнок аст.

Пас аз баромадҳо дар қисмати мулоҳизаронӣ муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Исмоил Юсуфов ба сухан баромада, баргузории ҷамъомадро басо саривақтиву муфид баён кард. Афзуд, ки дар ин ҷода собиқадорон бетараф набуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ҳар вохӯриву мулоқот фаъол буда, қатъиян ҳодисаи мазкурро маҳкум менамоянд. Ҳамчунин, дар хусуси зараррасонии баъзе аз ҷавонони нобакор ба ёдгориҳои шахсони барӯманди шаҳр, аз қабили Тӯхтасун Сатторов ва Шокирҷон Боҳиров изҳори нигаронӣ намуда, барои бартараф ва пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо фаъолонро даъват кард. 

Сарвари осорхонаи кишваршиносии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ Абдураҳмон Исмоилов низ воқеаи мудҳишро аз номи фарҳангиёни шаҳр маҳкум кард. У ҳамчун таърихшинос оид ба падидаҳои номатлуб ва гуруҳҳои ифротгаро мулоҳизаронӣ карда,  сарчашмаи терроризму экстремизмро аз зуҳури мазҳаби шиа маънидод кард.

Дар идомаи ҷамъомад рӯзноманигор, мухбири нашрияи маҳаллӣ Марҳабо Муллоҷонова баромад карда, ин амалҳои ношоиставу зиштро басо мудҳиш ва ғайриинсонӣ шарҳ дод. Халқи тоҷик аз азал сарбаланд ва баору номус буда, ҳаргиз ба кирдорҳои зишт даст намезад. Аммо рафтори ин хоинони Ватан нобахшиданӣ буда, ба маданият ва асли аҷдодии мо номувофиқ аст.

Раиси кумитаи маҳаллаи Арабои Боло Отабой Шерматов аз хусуси фаъол набудани раисони кумитаҳои маҳаллӣ, бетарафии баъзе аз бошандагони маҳаллаҳо, чораҷӯӣ нисбати онҳое, ки аз иштирок дар чорабиниву мулоқотҳо канораҷӯӣ мекунанд, эътибор зоҳир намудан ба ҳаёти оилаҳои ҷавон сухан ронда, бобати ин масъалаҳо таклифҳо пешниҳод кард.

Дар фарҷом муовини аввали раиси шаҳр Ф.Ёдгорӣ ҷамъомадро ҷамъбаст намуда, кулли иштирокдорони ҷаласа,  фаъолону зиёиёни шаҳрро ба ҷоннок намудани фаъолият даъват карда, таъкид кард, ки аҳамияти хоса хусусан, ба тарбияи наврасону ҷавонон зоҳир карда шавад. Ҳамзамон, аз рафти амалишавии Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва мушоҳида гаштани қонуншиканиҳо дар ин самт ҳарф зад. Ёдгорӣ диққати ҳамагонро ба санаи муҳими таърихӣ- таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва корҳои омодагӣ дар ин ҷода ҷалб намуд. Аз эълон гардидани озмуни “Маҳаллаи беҳтарин”, ки бахшида ба ҷашн роҳандозӣ гардидааст ва омодагии сокинон ба он сухан гуфта, барои иштироки фаъолона ҳидоят намуд.

Дар фарҷом бори дигар, диққати ҳозирин ба масъалаи доғи рӯз- куштори сайёҳони хориҷӣ ва дигар падидаҳои номатлуб равона гардида, фаъолӣ, ҳушёрӣ, бетарафӣ накардан ва диққати махсус зоҳир кардан ба тарбияву ташаккули наслҳои ҷавон таъкид шуд.

 

 

 

Возврат к списку новостей