Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

377811
Сегодня
447
На этой неделе
10845
В этом месяце
19577
Итого
377811
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

08.08.2018

16 медали тиллои варзишгарони чавон дар нимсолаи аввал. Вохӯрии ду насли варзишгарон

Дар суҳбати хосае, ки ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар варзишгоҳи марказии шаҳр ороста шуд, наврасону ҷавонон соате дар паҳлӯи собиқадорони варзиш қарор гирифта, имкон пайдо намуданд аз таърихи варзиш ва фаъолияти устодони варзиши шаҳр огаҳӣ ёбанд.

Чорабиниро раиси шӯрои куҳансолони шаҳр Солиҷон Раҳимов ҳусни оғоз бахшид.

Муовини аввали раиси шаҳр Фирдавс Ёдгорӣ номаи шодбошии раиси шаҳрро ба муносибати рӯзи варзишгарон ба самъи хозирин расонида, баҳрашон офияти комил ва комёбихои нави варзиширо таманно кард.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом алоқамандони соҳаро аз номи ҳизбиёни шаҳр табрик гуфт.

Суҳбатро шореҳи варзиш Алиҷон Маҳмудов Идома бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуда, аз ҳаёту рӯзгори устодони варзиш ва комёбиҳои варзишгарони ҷавони шаҳр тайи солҳои охир сухан ронд. Тибки маълумот алхол дар мактаби варзиши 523 нафар варзишгарон ба тамрин фаро гирифта шуда, 123 нафарашонро духтарон ташкил медихад.

Устодони варзиш Бурҳон Баҳромов, Улмас Холматов, Абдухалил Раҳимов аз фаъолияти хеш ва дастовардҳояшон ёдовар шуда, наврасону ҷавононро ба такмили маҳорати варзишӣ, фатҳи қуллаҳои баланди варзиш ва пешбурди соҳа даъват карданд. Онон аз ташкили ин вохӯрӣ изҳори хушнудӣ намуда, аз комёбиҳои варзишгарони ҷавони шаҳр изҳори хушнудӣ карданд. Варзишгарони ҷавон ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати дастгирии варзишгарони ҷавон сипосмандӣ баён карда, аз собиқадорони соҳа аз хусуси роҳҳои такмили маҳорати варзишӣ ва сирри муваффақиятҳо пурсон шуданд. Сарвари мактаби варзиши Зоирчон Саидов доир ба фаъолияти кунунии ин боргохи тарбияи чисмони ва муваффакияти дастпарваронаш иттилоъ дод.

Суҳбат самимиву ошкоро сурат гирифта, аз камбудихои соҳа низ сухан рафт. Баҳри ҳалли онҳо таклифу дархостҳо пешниҳод гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ собиқадорони соҳаи варзиш ва ҷавонон сипосномаи раиси шаҳр ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат тақдим гашт.

Бояд зикр намуд, ки танхо дар нимсолаи аввали соли 2018 дастпарварони мактаби варзиши дар мусобикахои вилоятиву чумхури ва байналмилали сохиби 104 медал гардиданд, ки аз он 16 адад медали тилло мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                Парвина Абдуллоева

Возврат к списку новостей