Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

644169
Сегодня
125
На этой неделе
371
В этом месяце
1818
Итого
644169
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

07.08.2018

Амалҳои ноҷавонмардонаи куштори шахсони бегуноҳ кирдори разилонаи хоинони Ватан аст

Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот  ва ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла дар раёсати маорифи шаҳр, беморхонаи марказӣ, коллеҷу литсейҳо ва кумитаи маҳаллаҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» оид ба пешгирии ҳодисаҳои терроризму экстремизм ва масъалаҳои мубрами рӯз ҷаласаҳо баргузор гардид.

Субҳи дирӯз дар раёсати маорифи шаҳр ҷаласа доир гардид, ки дар он Ҷабборӣ Б. – сардори раёсати шаҳр баромад намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористию ифротӣ бо созмонҳои диниву  миллатгароӣ ба ҳам омада, дар минтақаҳои гуногуни олам хунрезиву зӯроварӣ ва низоъҳои диниву мазҳабиро барангехта истодаанд. Терроризм аз ҷониби шахсоне созмон дода мешавад, ки онҳо мехоҳанд осудагии ҷомеаро халалдор намоянд ва кормандони соҳаи маориф ҳамаи ин ҳодисаҳои нангинро маҳкум менамояд.

Ҳамин гуна ҷаласаҳо дар ҳамаи коллеҷу литсейҳо низ гузаронида шуд, ки аз ҷумла Саримсоқов А. - директори литсейи касбии саноати кишоварзӣ оид ба ҳодисаҳои санаи 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон руҳ дода буд, суханронӣ намуд. Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд. Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат ҳифзи Ватан воҷиб буда, бақои ҳастии миллат маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, аз ҷониби аъзои фаъоли Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ализода Н. – раиси ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар ҷаласа баргузор гардида, оид ба тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зист, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омӯзиши касбу ҳунар, тарбияи фарзандон ва масъулияти падару модар дар хона гуфта гузашт.

Яке аз фаъоли Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ғаффоров А. – менеҷери сохтори госпиталӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кӯшишҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари оқилу маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба орзуву омоли наҷиб ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Мутаассифона, ба ин раванд ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳдид менамояд. Бояд қайд кард, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои гуногун дар Тоҷикистон низ ҷонибдорони худро пайдо намуда, барои афзоиш тарафдоронаш кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳо намояндагони мақомотҳои вилоятиву шаҳрӣ ва аъзоёни фаъоли Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баромад намуда, ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум намуданд.

Ҳамаи аъзоёни фаъоли Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҳодисаи нанговарро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон амали номардона меҳисобад ва маҳкум менамояд. Амалҳои ноҷавонмардонаи куштори шахсони бегуноҳ кирдори разилонаи хоинони Ватан ва душманони миллат аст, ки мехоҳанд ба вазъи оромии сиёсӣ рахна зананд ва аз мавҷудияти хеш дарак диҳанд. Мардуми кишвар имрӯз сулҳу суботро азиз медонанд ва чунин кирдорҳои ваҳшиёна ҷомеаро ба зиракии сиёсӣ ва муттаҳидӣ ҳидоят менамояд.

Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон идома дорад.

 

 

Возврат к списку новостей