Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633086
Сегодня
178
На этой неделе
1405
В этом месяце
3695
Итого
633086

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

06.08.2018

Падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир

Дар тасвири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст. “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука  овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист”.  Чунин ҳаракатҳои мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯй ва манзалати мақомоти давлатист. Дар бораи терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст. 

Экстремизм аз калимаи лотинии “extremus”буда,маънои аслиаш канораҷӯӣ, ифротгарӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амали зуҳуроти номаълум метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Экстремизм (ифротгарӣ) аз рӯи мазмун динию дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот ҳудуди минтақавӣ ва байналмиллалӣ шуда метавонад.

Терроризм ин ташкилихатар,яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноварию фарогирии терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад:  байналхалқӣ, дохили давлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ.

Амалиёти террористӣ  аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

Ғояҳо ва омилҳои сиёсӣ, фаъолияти зӯроварӣ, амали террористӣ. Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоию инқилобӣ,  терроризми этникӣ- миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад. Вожаи “ терроризм ” аз калимаи лотинӣ “terror” маншар гирифта шуда, маънояш тарс ва  ваҳм аст.  Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ куштор тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Амалҳои террористӣ: 

  • Ба бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, илова бар ин нобуд сохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо:  сӯиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ,  намояндаи барҷаста ва одии миллӣ, этникӣ, дини ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ: содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудаанд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстемизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои асри имрӯза аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст. Ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмон дода шуд, сармоягузорӣ  мегарданд ва бо истифода аз дини мубини ислом, ки оини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани конфронси бонуфузи байналмиллалии “Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ” бо иштироки намояндагони қариб 30 кишвари ҷаҳон бори дигар шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгарии динӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетавофут нест, балки бо мавқеи ҷиддӣ ва устувор хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмиллалӣ мебошад.

Дар Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони ин ҳамоиши байналмиллалӣ таъкид шуд, ки “Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7 декабри соли 2015 дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Москва дар суханронии худ таъкид намуда буд, ки “террорист дар асли худ миллат,  мазҳаб ва ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама бо падидаҳои радикалӣ, экстремизм ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волоии исломро пиёда месозад”.

 

                                          Тоҷиева Р.,  омӯзгори МТМУ №30  

Возврат к списку новостей