Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

377811
Сегодня
447
На этой неделе
10845
В этом месяце
19577
Итого
377811
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

06.08.2018

Идомаи вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Патар: «Рафтори ноҷавонмардонаи чанде аз душманони милла

Тибқи ҷадвали махсус дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ имрӯзҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар бобати ҳодисаи нангину мудҳиш нисбати сайёҳон суҳбату вохӯриҳо сурат мегиранд.

Ин навбат чунин мулоқот бо сокинони ҷамоати деҳоти Патар доир гашт. Нахуст мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Баҳодур Маҳмудов баромад намуда, вобаста ба ҳодисаи мудҳиш- ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки санаи 29 июли соли равон дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, ҳарф зад. Зикр гашт, ки ин ҳодисаи нангин хусусан дар соли эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле падидаи манфӣ ба ҳисоб меравад. Зимни суханрониҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз ҳодисаи мудҳиш ва ноҷавонмардони хоинони миллат ёдовар шуда, мардумро ба ҳушёрӣ ва масъулиятшиносиву боэътибор будан нисбати рафтору кирдори фарзандону наздикон даъват карданд.

Сархатиби шаҳр Аббосхон Аброров дар баромади худ аз ваҳшонияти амалҳои нобакорон ва оқибати он, шукргузорӣ аз замони тинҷу осуда ва зиндагии фаровон мутазаккир шуд. Қайд гашт, ки ҳар амалеро дар ин дунё ва охират албатта сазоест. Ин хоинони миллат низ ҷазои амали худро хоҳанд гирифт.

Мақсад аз баргузории чунин мулоқотҳо ва ибрози ақидаву пешниҳоди изҳорот, пеш аз ҳама, изҳори андешаи худ дар мавриди маҳкум намудани рафтори ноҷавонмардонаи чанде аз душманони миллат, дарки дурусти моҳияти ин ҳодиса, даъват ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дастгириву пуштибонӣ аз сиёсати  дурандешонаи давлату Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва албатта, пешгирии ҳар гуна иғво миёни мардум аст.

Возврат к списку новостей