Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633069
Сегодня
161
На этой неделе
1388
В этом месяце
3678
Итого
633069

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

04.08.2018

Сокинони шаҳри Конибодом ҳодисаҳои мудҳиш ва амалҳои террористиро маҳкум менамоянд

Имрӯз мутаассифона, дар миқёси ҷаҳон ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ раванди афзоиш касб намуда, чуноне ки тавассути воситаҳои ахбори омма шоҳид мешавем, қариб ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи дунё куштор ва ё захмӣ шудани одамон ба қайд гирифта мешавад.

Тавре ки аз расонаҳои хабарӣ огаҳ шудем, чунин як ҳодисаи мудҳиш, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ санаи 29 - июли соли равон дар кишвари мо низ дар деҳаи Сафобахши  ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст.

Ва ин ҳодисаи нангин хусусан дар соли эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле падидаи манфӣ ба ҳисоб меравад. Мақсад аз изҳороти мо, пеш аз ҳама, изҳори ақидаву андешаи худ дар мавриди маҳкум намудани рафтори ноҷавонмардонаи чанде аз душманони миллат, дарки дурусти моҳияти ин ҳодиса, даъват ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дастгириву пуштибонӣ аз сиёсати  дурандешонаи давлату ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва албатта, пешгирии ҳар гуна иғво миёни мардум аст.

Тибқи ҷадвали махсус дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ имрӯзҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар ин бобат суҳбату вохӯриҳо сурат мегиранд.

Чуноне зикр гардид, санаи 29 июл аз ҷониби гурӯҳи террористӣ, аъзои фаъоли ҳизбҳои ҷинояткори Назҳати исломи Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистон ба ҳафт нафар сайёҳони хориҷӣ акти террористӣ ба амал оварда шуд. Дар натиҷа ду нафар шаҳрванди Амрико Аустин Дҷей ва Анне Мунотс, шаҳрванди Нидерландия Воке Рен Виллем ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус ба ҳалокат расонида шуда, ду нафар шаҳрвандони Швейтсария Ким Айрис ва Дименд Мари Клер ҷароҳати вазнин бардоштанд. Шаҳрванди Фаронса Казабат Гуиллаюм Дҷеан бошад зарар надидааст.

Ба тариқи фаврӣ аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ин душманони миллат, зархаридони кишварҳои хориҷӣ сардори гурӯҳ - Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович, ки қаблан  таълимоти ҳарбиву идеологиро дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии исломии Эрон гирифтааст, ҳамчунин фармоишгари ин ҳодисаи нангин, аъзои фаъоли Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон Убайдов Носирхоҷа Аҳтамович дастгир гардида, боқимондагон Юсуфов Аслиддин, Маҷидов Асомаддин, Сафаров Зафар ва Ҷаъфариддин Юсуфов дар натиҷаи муқовимат ба ҳалокат расиданд. Дар робита ба он шаҳрвандон - Диловар Шарифов, Ҷамшед Назаров ва сарпарасти молиявии ин акти террористӣ Кароматулло Ғаниев алҳол дастгир гардидаанд.  Дар маҷмӯъ дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ панҷ нафар ҷинояткорон дастгир ва чор нафари дигар ба ҳалокат расонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар айёме, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осудаву осоишта  баҳри ободиву рушди кишвар талош меварзанд, душманони миллат, аз ҷумла, фаъолони фирории ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби назҳати исломӣ ва зархаридони дигар мехоҳанд ҳаёти осудаи моро халалдор намоянд.

Маълуму равшан аст, ки пайравони ҳизби назҳат мазҳаби бегонаи шиаро қабул кардаанд, ки  яке аз  омилҳои асосии  ин раванд албатта, вобастагии молиявӣ буда, ба ин минвол қувваҳои манфиатдори эронӣ назҳатиҳоро пойбанди хеш сохтаанд.

Онҳо бар ивази манфиати шахсӣ, пулу мол ба доираҳои махсуси идеологӣ содиқона хизмат мекунанд ва ҳамаи ин кӯшишҳо ба хотири амалӣ намудани  як мақсад – барпо ва ё ташкили ҷумҳурии исломӣ  мебошад. Лекин, хушбахтона, имрӯз солҳои 90-уми асри гузашта нест ва ақлу заковати мардуми мо барҷост. Мо дигар ба дасисаву ҷанҷолҳо роҳ намедиҳем ва ваҳдату суботамон дарвоқеъ устувору пойдор аст. 

Дар баробари ин, имрӯз вазифаи мову шумо иборат аз он аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум, хусусан, ҷавонон, онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои дигар қарор доранд, тақвият бахшем. Моҳияти аслии чунин ҳодисаҳоро ба сокинон дуруст расонида, бори дигар онҳоро барои  расидан ба қадри  неъмати бебаҳо - сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромӣ даъват намоем ва танҳо дар  ҳамкориву ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа, фаъолону зиёиён мо метавонем ба ҳадафҳои неки худ расем.

 

Возврат к списку новостей