Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633066
Сегодня
158
На этой неделе
1385
В этом месяце
3675
Итого
633066

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

04.08.2018

Муборизаи беамон бо экстремизм ва терроризм

Экстремизм яке аз падидаҳои манфии иҷтимоиест, ки ба шуури ҷомеа, ахлоқ, идеалогия, муносибатҳои байни қавму табақаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонад. Барои муборизаи муваффақона алайҳи экстремизм ва терроризм, пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии онҳоро дуруст дарк бояд кард.

Имрӯз нерӯву ҳаракатҳои гуногун маҳз тавассути аъмоли экстремистӣ ниятҳои сиёсии худро пинҳон ҳам намекунанд. Таассуфовар ин аст, ки пешвоёни гумоштагони зархариди чунин ҳаракатҳо пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд.

Барои самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизм аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар руҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия бояд кард.

Сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳои сиёсиро аз сар гузаронидааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли заҳмати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.  

 

      Собирова Г., омӯзгори МТМУ №4 ба номи

      А.Абдураҳмонов                                                

 

Возврат к списку новостей