Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

644180
Сегодня
136
На этой неделе
382
В этом месяце
1829
Итого
644180
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.08.2018

Изҳороти бонувони шаҳри Конибодом нисбати амалҳои ноҷавонмардонаи террористон

Кулли модарону бонувони шаҳри Конибодоми бостонӣ терроризмро маҳкум месозанд ва тарафдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста кайд мекунанд, ки «Террорист ватан, забон, миллат, нажод надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст»

Ин гуфтаҳои Пешвои миллат мо бонувонро водор месозад, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ободкорӣ, созандагӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Таърих гувох аст, ки модари тоҷик абармардони ҷасури миллатро зода тарбия намудааст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан синаи худро сипар намудаанд. Азму талош, бедорхобӣ, ҷоннисорӣ ва ҷасорату мардонагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ исботи баръалои онанд, ки модарони тоҷик қодиранд ва метавонанд, ки мардони майдон ва фарзонаи халқу миллатро тарбия намуда, ба воя расонанд.

Имрӯзҳо миллати моро тамоми ҷаҳон шинохтааст ва таҷрибаи сулҳофарини Сарвари давлатамонро дигар давлатҳои ҷангзада омӯхта истодаанд. Дар ҳақиқат, Пешвои миллати тоҷик тавонистанд, ки як миллати рӯ ба нобудӣ овардаистодаро сарҷамъ намуда, дар муҳлати кӯтоҳ муттаҳид намоянд.

Миллати тоҷик аз қадим дорои таърихи пурғановат, фарҳанги қадима  ва маданияти бойи меҳмондӯстӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ҷаҳониён тоҷиконро бо сулҳофарӣ, меҳнатдӯстӣ ва бо расму ойинҳои қадимаву меҳмоннавозиаш шинохтаанд.

Ноҷавонмардоне, ки ин амали террористиро бо сайёҳон раво диданд, инсон нестанд ва ношукру ноинсофанд. Аз бесаводӣ ва гумроҳиашон буд, ки дар ин диёри биҳиштосо чунин амали ношоистаро бо меҳмон раво диданд.

Тамоми бонувону модарони Конибодом аз ин амали мудҳиши рӯйдода сахт андӯҳгин буда, терроризмро маҳкум мекунанд ва баҳри инкори ин амал пайваста мекӯшанд, ки фарзандони худро тарбияи нек диҳанд. Баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ягонагиву ҳамдилӣ бо дилу нияти пок сарҷамъона меҳнат мекунанд.

 

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей