Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

353090
Сегодня
221
На этой неделе
776
В этом месяце
11961
Итого
353090
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

11.07.2018

Роҳкирои дохили шаҳр аз 1 сомониву 30 дирам зиёд нест!

Овозаҳо дар бораи боло рафтани роҳкиро дар мусофирбарони ҷамъиятӣ, ки  чандин вақт инҷониб сайр дошт, ба ҳақиқат бадал ёфтанд. Роҳкирои нақлиёти дохилишаҳрӣ ва маркази ноҳияҳои вилояти Суғд сӣ дар сад боло рафта, тавре ки сардори идораи нақлиёти вилоят И.Авлиёев мегӯяд, арзиши мусофиркашонӣ дар нақлиёти байнишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ низ 20 дарсад афзудаанд. Ҳарчанд дар муассисаҳои нақлиётӣ медонистанд, ки ҷуз блоо бурдани арзиши роҳкиро чорае надоранд, субҳи 10 июл омода набудани худро ба ин тағйирот ба намоиш гузоштанд. Аз ин сардаргумӣ ронандагони чобук истифода карда, аз пеши худ роҳкироро бардоштанд. То қарибии ними рӯз роҳкиро дар хатсайрҳои дохили шаҳр як сомониву 50 дирам буд. Дар ҳамин ҳол хабарнигори мо шоҳиди ба ҷои як сомонӣ ду сомонӣ, яъне сад дар сад зиёд ситонидани роҳкиро дар хатсайри «Зарбед-Беморхона» шуданд ва танҳо шикояти мардум ба мақомот боис гардид, ки дар ин хатсайр аз инсоф кор гиранд. Дар ягон мусофирбар арзиши роҳкиро насб нашуда, боиси асабӣ шудани мардум гардид, бар иловаи ин ягон ронанда барои бақия ба қадри зарурӣ танга надошт.

Сарвари ҶДММ «Сафар -Канд» Анвар Маҳкамов, ки дертар ба овехтани лавҳаҳо дар бораи тағйирот шуруъ кард, тавзеҳ дод, ки роҳкиро дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ як сомониву 30 дирам муқаррар шуда, дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ сӣ дар сад афзудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                         М.Пайкоргар

Возврат к списку новостей