Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

627520
Сегодня
136
На этой неделе
264
В этом месяце
168682
Итого
627520
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

12.07.2018

ОГОҲӢ

Дар давраи 14-15 июл дар ҷумҳурӣ гармии ҳаво боқӣ мемонад. Эҳтимол меравад, ки ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то +43 градус гарм шуда, баландшавии сатҳи маҷрои оби кӯлу дарёҳо ва обшавии пиряхҳо дар назар дошта шудааст.
Санаи 12 июл бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёи Зарафшон  баландшавии якуякбораи сатҳи об дар назар дошта шуда, бо баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимолияти омадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Раёсати Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тамоми сокинон ва меҳмонони вилоятро огоҳ менамояд, ки дар ин рўзҳои гарми пешгӯишаванда дар кӯчаҳо аз соати 11:00 то 16:00 бидуни зарурат гаштугузор нанамоянд, зеро шуои гарми офтоб ба саломатии шумо зарар расониданаш аз эҳтимол дур нест; 
- реҷаи рӯзи фарзандон, кӯдакони ноболиғи худро назорат кунанд;
- барои он нафароне, ки ин рӯзҳои гармро, дар ҷойҳои оббозии наздисоҳилии ҳавзаҳо, кӯчаҳо, дарё ва обанбор гузаронидан мехоҳанд хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои оббозиро риоя намоянд, дар ҷойҳои барояшон ношинос ва манъкардашуда вориди об нагарданд;
- ҳангоми сармастиву сарҷушӣ, надонистани қоидаҳои дурусти оббозӣ вориди об нагарданд;
- инчунин аз волидайн, калонсолон, мураббиёну муаллимон ва шахсоне, ки барои кӯдакони ноболиғ ҷавобгӯ мебошанд, хоҳиш карда мешавад, ҳангоми рафтан ба ҷойҳои фароғатии умумии шаҳрвандон фарзандони худро роҳбаладӣ намоянд, беназорат нагузоранд, зеро беаҳамиятии онҳо метавонад, боиси бо мусибат анҷом ёфтани ҳодиса гардад.

Бо назардошти ин гармиҳо, ҳарорат дар ноҳияҳои доманакӯҳҳо, кӯҳҳо ва баландкӯҳҳои ҷумҳурӣ хавфи омадани сел дар натиҷаи обшавии пиряхҳо пешгӯӣ карда мешавад. Дар дарёҳо баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст, ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кўҳӣ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, зеро дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво хавфи омадани сел ва лағҷиши санг пешгўӣ карда мешавад, аз шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ истиқомат мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки муваққат аз корҳои аз қабили чаронидани чорво, ҷамъ намудани ҳезум ва шикор худдорӣ намоянд;

Дар охир ҳамаи шаҳрвандонро даъват менамоем, ки агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, фавран бо рақами (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 дар тамос шавед, дар Раёсат навбатдории шабонарӯзӣ фаъолият мебарад. Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ бо тамоми техникаву таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ барои кӯмаку имдоди мардум дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Возврат к списку новостей