Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

628209
Сегодня
268
На этой неделе
953
В этом месяце
169371
Итого
628209
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

11.07.2018

ДИИШ пош мехӯрад.

Тибқи маълумоти расмӣ пайвастшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДИИШ дар соли ахир нисбати солҳои пешин камтар шудааст. Гуфта мешавад, ки соли гузашта 22 шаҳрванди Тоҷикистон ихтиёран аз сафи ДИИШ хориҷ шуда, ба Ватан баргаштаанд. Дар маҷмӯъ, теъдоди нафароне, ки то ҳол аз «Давлати исломӣ» баргаштаанд, 80 нафар арзёбӣ мешавад.
Қаблан пайваст шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, махсусан ба ДИИШ қариб ҳар рӯз садо медод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам видеоҳо бо иштироки ҷангиёни тоҷик паҳн мешуданд, ки ба воситаи даҳҳо гуруҳҳои хусусияти таблиғидошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯии ҷавонон сурат мегирифт.
Коршиносон кам шудани омори пайвастшавии ҷавононро ба гуруҳҳои ифротӣ гуногун арзёбӣ мекунанд. Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2013 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори қатъӣ қабул кард, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ бояд дар сатҳи сиёсати давлатӣ бошад: «Бинобар ҳамин, гуруҳҳои махсуси таблиғотӣ дар маркази ҷумҳурӣ таъсис дода шуданд, ки дар тамоми қаламрави кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда, аз хатари терроризму экстремизм онҳоро огоҳ намуданд. Дар ин самт Маркази тадқиқоти стратегӣ чандин китобҳо нашр кард, то мардум хатари терроризму экстремизмро ба давлату миллат дарк намоянд. Корҳои ташвиқотиву таблиғотӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Баъд аз соли 2015 Русия низ дарк кард, ки хатари ифротгароӣ ва тундгароӣ натанҳо ба дигар кишварҳо, балки ба тамоми Русия низ таҳдид мекунад, чун ба «Давлати исломӣ» пайваст шудани шаҳрвандони Русия низ зиёд шудааст. Аз ҳамон сол як эътилофи ҷадидеро таъсис доданд, ки дар он Эрон, Русия, Лубон, Ироқ ва дигар кишварҳо якҷо шуда, бар зидди ДИИШ муборизаи сахт бурданд». 
Ҷаноби Холиқназаров мегӯяд, муҳимтарин объектҳо, иншоот ва муҳимтарин макони аслиҳаи онҳо бомбаборон шуд ва аз нуқтаи назари низомӣ, онҳоро хеле заиф карданд. Амрико низ муборизаро шурӯъ кард ва ин муборизаи абарқудратҳо натиҷаи хеле хуб дод. 
- Дар соли 2017 мо аллакай ҳис кардем, ки ДИИШ 50 дар сади қаламрави худ ва тақрибан ҳафтод дар сади имкониятҳои молиашро аз даст додааст. Аммо то ҳол онҳо хатарнок мемонанд, чун метавонанд ба кишварҳои дигар кӯч банданд, ё ин ки дубора ба Афғонистон баргарданд,- афзуд ӯ.
Таҳлилгар Абдуманнон Шералиев бар он назар аст, ки кам шудани гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ сабабҳои гуногун дорад. Ӯ мегӯяд, фаҳмондадиҳӣ (ҳар чӣ ном гузорем, муҳим нест) бетаъсир нест, чун истеъмолгари худро дорад. Ҳатман таблиғоту фаҳмондадиҳиҳо ва боздошту ҳабсҳои тӯлонии мақомоти кишвар таъсири худро дар ин раванд доштааст: «Вале сабабҳои аслии камшавии пайвастани ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ, ба назари банда, ҷои дигар нуҳуфтааст. Пеш аз ҳама ДИИШ маҳбубияташро байни ҷавонон аз даст додааст. Ин албатта сабабҳои зиёд дорад ва инҷо ҷои ин баҳс нест. Сабаби дигар шиддати назорати марз ва ҷавонони муҳоҷир дар Туркия аст. Бештари Сурияву Ироқравандаҳо тавассути хоки Туркия мерафтанд, ки як соли охир ин кишвар назорати марзҳояшро шиддат бахшида, дар дохил ҳам корҳое анҷом додааст. Ва ахиран кам шудани таблиғ аз тарафи худи ДИИШ». 
Дар ҳамин ҳол, Азизҷон Раҳмонов, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мегӯяд, кам шудани ин амал то ҷое кори мақомоти қудратиро нишон медиҳад, аммо муҳим аз ҳама, мардум дарк карда истодаанд, ки шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ оқибати хуб надорад: «Баъди он, ки Русия муборизаро бо ДИИШ сар кард, маълум аст, ки натиҷаи хуб додааст. Онҳо воқеан нишон доданд, ки мубориза бурдан мумкин аст. Шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ кам шудааст, чун мардум дарк карда истодаанд, ки шомил шудан ба чунин гуруҳҳо оқибати хуб надорад. Албатта, ин каме кори сохторҳои қудратиро низ нишон медиҳад, муҳим ҷомеа инро дарк кард».
Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, ВАО тавонист ба ҷомеа ҳақиқати ҳолро нишон диҳад: «ДИИШ баробари дигар кумитаҳо як кумитаи муносибат бо ахбори умум низ дошт, ки он байни журналистон кор мебурд. Вақтҳои охир таблиғи онҳо суст шуд, чун имкониятҳои молии худро низ аз даст додаанд. Ман ҳама вақт мегӯям, ки барои пеши роҳи чунин амалҳоро гирифтан, пеш аз ҳама бояд масъалаҳои иқтисодиро ҳал намуд. Бояд ҷавонон ҳатман шуғл дошта бошанд, дар он ҳолат аз чунин хатарҳо дур мешаванд. Барои ин мақомоти қудратӣ, сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО бояд якҷоя мубориза баранд».
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахири худ дар мавриди теъдоди умумии тоҷикистониён дар ДИИШ афзуд, ки ҳисоби онҳо хеле мушкил аст ва омори дақиқро ироа накард. 
Қаблан мақомоти тоҷик теъдоди ҷангиёни тоҷикро дар ДИИШ беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки ҳудуди 300 нафарашон кушта шудаанд.

 

                        Муаллиф: Рухшона Хакимова,

                       омӯзгори коллеҷи омӯзгории

                       ба номи М.Турсунзодаи ш.Конибодом

 

Возврат к списку новостей