Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

628200
Сегодня
259
На этой неделе
944
В этом месяце
169362
Итого
628200
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

10.07.2018

Ҳақиқате, ки инкораш имконнопазир аст

Дар айёме, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осудаву осоишта 21-умин солгарди рӯйдоди таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллиро ҷашн гирифта, ҳанӯз ҳам, хусусан сокинони Конибодом дар фазои фараҳбахши ҷашни умумиҷумҳуриявӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, боз ҳам бозори бардурӯғи таблиғотии фаъолони фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби назҳати исломӣ, бахусус роҳбари он М.Кабирӣ тариқи сомонаҳои ифротгаро метасфад.

Дар мусоҳибаҳои хеш ӯ боисрор таъкид мекунад, ки гӯё пайравони ҳизби назҳат аҳли мазҳаби ҳанафӣ ҳастанду мазҳаби бегонаи шиаро қабул накардаанд.

Вале  таърихи на он қадари дурамон ва санадҳои муътамад  собит менамояд, ки аз оғоз дар натиҷаи таваҷҷӯҳи хосаи назҳатиён ба Инқилоби исломии Эрон ва минбаъд зиндагӣ ва таҳсили онҳо дар таълимгоҳҳои динии ин кишвари исломӣ сабаб шудааст, ки онҳо пайравӣ мазҳаби шиа гарданд. Яке аз  омилҳои асосии  ин раванд албатта, вобастагии молиявӣ буда, ба ин минвол қувваҳои манфиатдори эронӣ назҳатиҳоро пойбанди хеш  сохтаанд.

Мо имрӯзҳо шоҳиди онем, ки доир ба ин мавзӯъ тариқи воситаҳои ахбори омма ва тариқи сомонаҳои интернетӣ маълумоти хеле фаровон интишор мегардад.

Дар яке аз чунин навиштаҳо дар мавриди чанд хусусияти  пайравони  мазҳаби шиа сухан рафта, маро бахусус яке аз онҳо - дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини сангин хеле ба ҳайрат овард.

Хонандаи азиз, таваҷҷӯҳ намоед, яке аз ҳикматҳои ин ангуштарини шиаӣ он аст, ки агар онро чаппа тоб диҳеду нигини он даруни даст ояд ба  шиаён дурӯғ гуфтан раво будааст. Ва онҳо ин воситаро бемалол, кай хоҳанд ва дар куҷое набошад, истифода мекардаанд, яъне ангуштариро чаппа тоб дода, ба касе хоҳанд дурӯғ гуфтан мегиранд.

Пас куҷо виҷдону ку имон?

 

       Гар дусад бори дигар ҳоҷӣ шавему каблаӣ,

       То ба виҷдон кофар астем, боз  шайтонзодаем,

       Меҳриёро, бо  намозу рӯза кас инсон нашуд,

       То ки ғофил аз нидои поку виҷдон зодаем.

Мутаассифона, тавассути сурату аксҳо ва наворҳо борҳо  мушоҳида шудааст, ки роҳбарону фаъолони собиқ ҲНИ ин анъана ва ё қоидаи шиаро риоя кардаанд ва он бори дигар собит менамояд, ки онҳо бар ивази манфиати шахсӣ,  пулу мол мазҳаби бегонаро қабул карда, ба доираҳои махсуси идеологӣ содиқона хизмат мекунанд ва ҳамаи ин кӯшишҳо ба хотири амалӣ намудани  як мақсад – барпо ва ё ташкили ҷумҳурии исломӣ  мебошад.

Лекин, хушбахтона ақлу заковати мардум ва фарҳанги сулҳофарини мо ғалаба карду имрӯз Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асту ҳаёт нишон дод, ки неъмати бебаҳои тоҷикон - ВАҲДАТИ МИЛЛӢ омили асоситарини ҳастии миллати мост ва он пойдору устувор аст!

Маҳз аз ин лиҳоз, андешаҳои амиқу дурусти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди мазҳаби бегонаро қабул намудани пайравони ҳизби наҳзат ҳақиқате, ки инкораш имконнопазир аст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Баҳодур Маҳмудов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгохи раиси шахр

Возврат к списку новостей