Посетители
09.07.2018
Раванди имтиҳонсупорӣ тариқи ММТ
Имрӯзҳо дар ду маркази имтиҳонии маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Конибодом- мтму№2 ва гимназияи №1 қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии миқёси кишвар ҷараён дорад.
Ба нуқтаҳои қабул ҳамагӣ 1508 нафар довталаб хуҷҷат супорида, дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ 15 нафарӣ имтиҳон месупоранд.
Дар ду маркази имтиҳонӣ 69 нафар кормандони муваққатӣ фаъолият мебаранд, ки бо онхо қаблан семинари омӯзишӣ гузаронида шудааст.
Дар хар як синфхона камераи назоратӣ гузошта шудааст. Рафти имтиҳонро волидон низ дар толори махсус назорат мекунанд.
Аз санаи 8 июл супоридани имтиҳонҳо аз фанҳои тахассусӣ оғоз гардид.
То имруз имтиҳонҳои қисми А, ки аз се субтест: забони тоҷикӣ, математика ва таъриху ҳуқуқ иборат буда, барои кулли довталабон ҳатмӣ буд, сурат гирифт.
Новости сайта Президента республики
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?