Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

353086
Сегодня
217
На этой неделе
772
В этом месяце
11957
Итого
353086
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

05.07.2018

«Таҳияи «Қомус» кори дастаҷамъона буд»: Муаррифии «Қомуси Конибодом» пас аз нашри дуюмбора

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯиннамоии «Қомуси Конибодом» бо ширкати аъзоёни созмони шаҳрии Иттифоқи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ, аҳли қалам ва алоқамандони илму адаби шаҳр сурат гирифт.

Нахуст мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Баҳодур Маҳмудов нишастро оғоз бахшид.

Сармуҳаррири Энсиклопедия, узви Иттифоқи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ Нуъмонҷон Муъминов бобати нашри аввали қомуси мазкур, аз заҳматҳои муаллифи он - муаррихи шинохта Шамсиддин Зоҳидов сухан ронда, зарурати интишори дуюмбораи онро шарҳ дод.

Гуфта шуд, ки ниёз ба бознашри Қомус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро водор намуд, ки ҳайати қомуснигориро таҳти сарварии рӯзноманигор Нуъмонҷон Муъминов ҷамъ оварда, вориди амал намояд.

 Давоми 12 соли баъди нашри аввал насли наве ба камол расида, инсонҳои нав ба майдон омаданд. Як худи номзадҳои илм ба ҳудуди 400 нафар расида, 100 нафар докторони илм ба обрӯи ин сарзамин номи «хоки олимхез»-ро зам намуданд. «Рӯйдодҳои таърихӣ ва тағйиротҳои бавуҷудомада дар шаҳр нашри дигарбораи Қомуси Конибодомро тақозо намуд»- зикр намуд ӯ. Таҳияи Энсиклопедия кори дастаҷамъона аст ва мардуми Конибодом бори дигар собит сохтанд, ки аҳлу тифоқ ва фарҳангиву собитқадам ҳастанд ва ба заҳмати ҳамдиёрони хеш мерасанд.

Қомус аслан заҳмати якумраи муаррих Шамсиддин Зоҳидов буда, соли 2006  мураттаб ва нашр гардида буд.

Ин навбат таҳти роҳбарии рӯзноманигор Нӯъмонҷон Мӯъминов як гуруҳи корӣ машғули кор шуд. Дар ин ду сол дар паҳлуи сармуҳаррир кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ Шаҳноза Солиева, Икромҷон Алиев ва Дилшода Азимова заҳмат кашиданду Деҳқони Карим, Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, Маъруф Шокир, Эркин Ғафур, Давлатёр Қӯҷқоров, Абдусаттор  Содиқов ва даҳҳо дигарон хона ба хона гашта, мавод ҷамъ оварданд. Аз сарредаксияи энсиклопедияи миллӣ Алиҷон Қурбонов ба кӯмак омад. Арбоби давлатию сиёсӣ Қаҳҳорҷон Ҳасанов, пири кор Исмоилҷон Юсуфов, сарвари коммунистони шаҳр Ғаниҷон Юсуфов бо маслиҳатҳои худ кӯмак намуданд. Роҳнамоии Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Арслонҷон Носиров аз Душанбе ба манфиати кор буд.
Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ сари ҳар чанд муддат аз рафти кор ва таъмини шароити мусоид барои гуруҳи корӣ пурсон мешуд.

Дар маҳфил узви ҳайати таҳририя, саҳҳофи Қомус Алиҷон Қурбонов низ андешаҳояшро доир ба таҳияи Энсиклопедияи мазкур баён дошта, оид ба баъзе аз паҳлуҳои қомуснигорӣ иттилоъ дод.

Ҳайати таҳририя аз роҳбарияти шаҳр, дастандаркорони Энсиклопедия ва кулли онҳое, ки дар ҷамъоварии маводҳо кӯмак расониданд, изҳори сипос намуд.

Чанд нафар аз иштирокдорони маҳфил фикру ақидаҳояшонро иброз намуданд.

Иштирокдорони нишаст тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати ташвиқи шиносномаи шаҳр ҳар яке саҳим бошанд.

Ҳамин тавр, китоби хубу мондагори 840 саҳфагӣ аз ҷониби нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 1500 нусха ба дасти хонандагон расид.  

                            

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей