Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

353090
Сегодня
221
На этой неделе
776
В этом месяце
11961
Итого
353090
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

02.07.2018

Роҳпаймоии шахсони маъюбиятдошта ва фаъолони ҳаракати маъюбӣ дар шаҳри Конибодом

Оғоз аз 28 июн то 1 июли соли ҷорӣ роҳпаймоии шахсони маъюбиятдоштаи миқёси ҷумҳурӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат идома ёфт.

Фаъолони ҳаракати маъюбӣ дар идомаи сафари худ ба шаҳри Конибодом низ ташриф оварданд. Меҳмононро таҳти сарварии шаҳрдор Ғайбулло Боҳирӣ дар даромадгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гарму самимӣ пазироӣ намуданд.

Дар маҷлисгоҳ бо ширкати раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, меҳмонон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воҳидҳои сохторӣ мулоқоти самимиву судманд ороста шуд.

Нахуст раиси шаҳр меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз тадбирҳои роҳбарияти шаҳр ҷиҳати дастгирии маъюбон ҳарф зад.

Баъдан роҳбари ТҶ  «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев баромад намуд.  Зимни мулоқот оид ба сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани вазъи маъюбон, ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат нисбати маъюбон ва ба имзо расидани Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон, инчунин қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз қабили таъмини муҳити зисти дастрас, таҳсилоти фарогир ва барномаи тавонбахшии шахсони маъюб ва ғайра суҳбат доир гашт.

Фаъолони Ҳаракат махсусан, онҳое, ки сокини шаҳри Конибодом ҳастанд, аз ғамхориҳои шаҳрдорӣ ва таваҷҷуҳи хоса нисбати онҳо ёдоварӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид изҳори сипос карданд.

Баъдан иштирокиёни роҳпаймоӣ аз шароити маркази будубош ва инкишофи кӯдакони имконияташон маҳдуд- «Орзу»-и ТҶ «Имдоди Ғайрат» дидан карданд. Зимни шиносоӣ роҳбари ташкилот Мавлуда Боҳирова меҳмононро бо ҳуҷраҳои марказ аз қабили утоқи логопед, равоншинос, ҳуҷраи хоб, ошхона, ҳуҷраҳои санитарӣ, толори фарҳангӣ,  сехи дӯзандагиву ҳунаромӯзӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ ошно намуд. Меҳмонон вобаста ба беҳтар намудан ва ташкили чунин марказҳои тавонбахшӣ дастурҳо гирифтанд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо қаноатмандӣ ва таассуроти неку судманд ба шаҳри Исфара раҳсипор гаштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                                      Парвина Абдуллоева

 

Возврат к списку новостей