Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633066
Сегодня
158
На этой неделе
1385
В этом месяце
3675
Итого
633066

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

13.06.2018

Пешгӯиҳо дар мавриди фасодкориҳои ДИИШ ва ТЭТ ҲНИТ

Сухане аз ҳазрати Алӣ (р) нақл шуда, ки ин пешбинӣ ишора ба ДИИШ ва амалкарди золимонаи он мебошад: ”Худованд бандаи сахтгиру дағал ва беаслу насаб бармеангезад, ки пирӯзӣ бо ӯст. Ёронаш мӯйҳои дароз ва риши баланди то сина доранд, сиёҳҷомаанд ва парчамҳояшон низ сиёҳ аст. Вой бар касоне, ки бо онон ба душманӣ бархезанд, ки онҳоро бераҳмона мекушанд. Ба Худо савганд, гӯё онон ва корҳояшонро мебинем ва низ ончиро бадкорон ва биёбонгардони ҷафокоронашон мекунанд. Худованд ононро барои эшон бе ҳеҷ раҳмате мусаллат мекунад ва онон инонро дар шаҳрашон дар канораи Фарот дар об ва хушкӣ бе ҳисобу китоб мекушанд. (Таълифи Нӯъмонӣ, саҳ. 245, Биҳорул анвор).

“Замоне, ки парчамҳои сиёҳро дидед аз ҷои худ ҳаракат накунед (ба ин маъно, ки даъвати онон ботил аст) ва набояд ба кӯмаки онон бишитобед, сипас қавми заъифе зоҳир мешавад, ки қалбҳояшон монанди хӯлаҳои оҳан сахт аст, онҳо вафодор ба ҳеҷ аҳде нестанд, ба ҳақ фаро мехонанд дар ҳоле, ки аз он нестанд, номҳояшон куния ва нисбатҳояшон аз номи шаҳрҳо гирифта шуда, то инки дар байни худ ихтилофи назар пайдо мекунанд ва Худованд ҳакро ба касе, ки хоҳад,  ато мекунад”. (Китоби “Ал – фитан” – и Наъим ибни Ҳаммод). Барои аҳли илму аҳли фаросат дараҷаи ин суханҳо маълум аст. Имрӯзҳо аҳли олами ҳастӣ шоҳиди ин суханҳо ва ё метавонем гӯем, ки ин пешгӯиҳо исботи худро ёфтаст: Мӯйҳои дарози ҷангҷӯёни ДИИШ, риши дароз, сиёҳҷома ва парчамҳои сиёҳ, қатли бераҳмонаи мусалмонону ғайри мусалмонон, кунияҳои Бағдодӣ, Хатлонӣ ва Шишонӣ ва ғайра, инчунин пирӯзии муваққатӣ ва Худованд ҳақро ба касе хоҳад ато мекунад, ки он аз тарафи низомиёни Русия несту нобуд кардани қароргоҳҳо ва урдугоҳҳои низомии ДИИШ ва барқарор кардани сулҳу салоҳ ва тинҷиву оромӣ дар сарзамини Сурия.

Пешгӯиҳои  уламои мазҳабӣ дар мавриди фасодкориҳои ТЭТ ҲНИТ

То дунё ҳаст каромоти авлиё ҳақ ва ҳар қавме, ки инкори каромот мекунад, Худованди мутаъол барои он қавм авлиё намедиҳад. Ин сухане аст, ки аз забони уламои мазҳабӣ, устодони гиромӣ шунидаем ва мешунавем ва ё азизони Худо Худо нестанд ва аз Худо ҷудо нестанд. Ҳар як сухан қадру қимат ва манзалати худро дорад, чунончӣ ҳар як шахс дар назди мардум азизу муаззаму мукаррам аст, вақте ки дар пешгоҳи Худованди мутаъол соҳибқадру азиз бошад, зеро ҳама иззат аз ҷониби Худованди қодир аст. Хиёнаткориҳои ТЭТ ҲНИТ, ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳазорҳо ҳазор куштору бедодгариҳо, ҳазорҳо ҳазор ятимону занҳои бевамонда, ки ба иттифоқи тамоми қишри ҷомеа метавон гуфт, ки ба ин ҳама гунаҳкорони асосӣ раҳбарони пешинаву ҳозираи ТЭТ ҲНИТ мебошад. Китоби ҳазрати Домулло Ҳикматуллоҳ (дар ҳифзи Худо бошанд) бо номи “Гулгашти мусалло” - ро      варақгардон намуда дар ҳаққи бузургони миллат, муршидони комил, пирони тариқат ва уламои соҳибмазҳаб, ки ҳама бузургиву иззатро дар асоси пайравӣ аз мазҳаб ва пойбанд будан ба суннати Пайғамбари гиромиқадру воломақом (дуруду салом ба руҳи покашон) ёфтаанд, дасти дуо мебардорему шод будани руҳашонро аз мухлисон хоҳонем. Ҳазрати Домулло симои ҳақиқии раҳбари асосӣ ва муассиси ТЭТ ҲНИТ ва амалҳои фасоди ин ҳизби мамнуъро кушодаанд, то баъзе нафароне, ки аз ҳақиқати ин ҳизббозӣ огаҳӣ надоранд, бидонанд, ки ин нафарон ақидаи ботиле доранд, ки зидди ислому инсоният равона кардашуда, то ба мақсад ва ҳадафҳои ниҳонии худ ва раҳбарони хориҷии худ расида бошанд...

Пайғамбари бузургвор (дуруду салом ба руҳи покашон бод) фармудаанд, ки ба дурустӣ, ки Худои таъолоро бандагоне ҳаст, ки агар қасам ёд кунанд, яке аз онҳо барои Аллоҳ таъоло, ҳар оина Худои таъоло қасами ӯро бароварда мегардонад ва он чӣ бар забони он банда гузашта аст, воқеъ мегардад. Ҳазрати Домулло нақл мекунанд: Яке аз ходимони Ҳазрати Пир, ки ҳамеша дар хидмати Ҳазрати Пир буданд, ҳикоят мекунад, ки дар Обигарм нишаста будем ва чанде аз ходимон дар берун ба таҳорат машғул буданд, ҷои таҳорат наздики роҳи калон буд. Диданд, ки Нурӣ бо чанд мошини пайравонаш ба тарафи Қаротегин гузашт ва касе назди Ҳазрат гуфт, ки Нурӣ бо аскари худ ба тарафи боло рафт. Ҳазрат каме тааммул карда, сар боло карданд ва гуфтанд: Шайтон оламро вайрон мекунад, дар он ҳолат чунин тасаввуре дар хотири ҳеқ кас намегузашт.

Ҳазрати Домулло меоранд: Дар сӯҳбати Ҳазрати Пир уламои бисёр нишаста буданд. Дар сӯҳбат зикри Нурӣ ба миён омад. Ҳазрати Пир гуфтанд: Аз дасти ин С. Абдулло (дар китоби  “Гулгашти Мусалло”-и Ҳазрати Домулло Ҳикматуллоҳ (дар ҳифзи Худои меҳрубон бошанд) С.Абдулло навишта шуда ва С-ро гузошта боқимондаро хат задаанд  ва аз забони баъзе нафарони огаҳ бармеояд, ки ин ҷо мурод аз С...Абдулло на Саид Абдулло аст...) мардумон бисёр беқадр мешаванд, мардуми тоҷик бисёр хор мегардад. Аз дасти ҳамин  С. Абдулло мурдаи тоҷикро моҳиён мехӯранд, аз дасти ҳамин  С. Абдулло мурдаи тоҷикро сагҳо мехоянд, бал дар зиндагияш гӯшти ӯ канда мехӯранд, аз дасти ҳамин С. Абдулло (Ҳазрат дар ҳар калима ин ном ва лақабро такрор мекарданд) хуни мурдаи тоҷик дар ҷӯйҳо ҷорӣ мегардад, боз чанд сухани дигар чунин калимоти ваҳшатнок гуфта буданд. Ман аз бисёрии даҳшат бисёри онро фаромӯш кардам, ман ин се ҳолатро муойина ба чашми худ дидам. Аз ин рӯ фаромӯш накардам. Ман дар он ҳолат бисёр таааҷуб кардам, чунки ин гуфтаҳои Ҳазрат дар соли 1984 ё 1985 буд. Дар он сол сиёсати шӯравӣ сахт буд ва ҳикояти хунрезӣ бисёр тааҷҷуб менамуд, аммо пасттар ҳамаро бо чашми худ дидам. Ровӣ нақл мекунад, ки хонаи мо дар поёни Вахш буд, ҷӯи калон ба поёни ҳавлии мо мегузашт. Як рӯз падарам фарёд кард, ки биё, ки оби ҷӯй мурдаи инсон оварда истодааст, рафтем мурдаҳоро берун кардем. Моҳӣ чашм ва лаб ва ҷойҳои нарми онро хӯрда буд, моҳиро аз бадани мурда ба зӯр ҷудо мекардем. Қариб панҷоҳ тан мурдаро берун кардем, бештари онро соҳибонашон омада бурданд, камтари он боқӣ монд, зери хок онҳоро дафн кардем, он чӣ ба шаб мегузашт ё мо намедидем ҳисоб надошт. Чун мо гуреза шудем ва аз қишлоқ баромадем, дар роҳ ва байни пахтазорҳо мурдаҳо дидем, баъзеи онро сагҳо хӯрда, чун ба кӯчаи калон омадем дидем, ки кӯчаҳо пур аз лошаи инсон аст, онҳоро ба мисли халтаи шолӣ рӯи ҳам ниҳодаанд ва хун дар ҷӯйҳо ба манзалаи сели баҳорӣ ҷорӣ шуда рафта истодааст. Ҳазрати Домулло аз забони гӯяндае нақлро давом медиҳанд: Ду ҷавон омада хабар доданд, ки мо акаи Додарҷони тракторчиро дар лаби ҷӯй ёфтем, ӯро тир расида будааст ва аз роҳ рафтан боз монда, сагҳо омада гӯшти пои ӯро канда мехӯранд. Ҳарчанд роҳгузарҳоро зорӣ мекардааст, ки ӯро бикушанд, то аз ин азоб халос шавад. Ҳеҷ кас ба ӯ назар намекардааст, чун мо ба пеши ӯ гузаштем, моро зорӣ кард, ки ӯро бикушем. Мо гуфтем туро бурда табобат мекунем. Гуфт ҳолати ман аз табобат гузашта аст. Дар ҳақиқат чун ӯро дидем имкони ҷунбонидан надошт. Ҳама гӯшт ва пои ӯро сагҳо то сурин канда хӯрда буданд... Ин аст он ҳақиқати талх дар боби ТЭТ ҲНИТ ва раҳбари он то мардуми омма ва алалхусус ҷавонони миллат огаҳӣ дошта бошанд ва аз ҳизбу ҳизбгароӣ дур ва ҳамеша пойбанди мазҳаб бошанд.

Ҳидоятов Н., имоми масҷиди Тезгузар

Возврат к списку новостей