Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

644172
Сегодня
128
На этой неделе
374
В этом месяце
1821
Итого
644172
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

09.06.2018

Идомаи таъмиру навсозии мтму№6 бо иқдоми соҳибкор

Чи тавре ки иттилоъ дода будем, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шуруъ аз моҳи феврали соли ҷорӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ - собиқ хатмкардаи мактаби мазкур Аҳадҷон Шарифов таъмиру навсозӣ мешавад.

Бояд қайд кард, ки таълимгоҳи мазкур соли 1954 таъсис ёфта, бинои ҳозираи он басо куҳнаву фарсуда буд. Бинобар садамавӣ маҳсуб ёфтани бино давоми 2 сол ҷомеаи омӯзгорону хонандагони мактаб раванди таълимро дар бинои собиқ литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳр- ҳозира мактаби муттаҳидаи техникӣ давом доданд.

Бо назардошти ин ва бо мақсади таъмини шароити мусоид барои таҳсил собиқ хатмкардаи муассиса тасмим гирифт, ки ба мактаби хатмкардааш кӯмак намояд. Алҳол корҳои таъмиру азнавсозии ин боргоҳи таълим бовусъат идома дошта, наздик 30 нафар саргарми коранд. Дар назар аст, ки корҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расонида шуда, хонандагон дар бинои хубу замонавӣ соли таҳсили навро оғоз менамоянд.

Мактаб ҳамагӣ 12 синфхона дошт, ки барои пурра ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони ҳудудаш имконнопазир буд. Пас аз таъмир ва корҳои азнавсозӣ 4 синфхона барқарор шуда, 8 синфхонаи иловагӣ ва 1 толор сохта ба истифода дода мешавад. Инчунин, барои ошхонаи мактаб соҳибкор тамоми лавозимотро дастрас намуданист.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                          Парвина Абдуллоева

 

 

Возврат к списку новостей