Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633443
Сегодня
112
На этой неделе
112
В этом месяце
4052
Итого
633443

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

07.06.2018

Семинари омӯзишии ҲХДТ

Санаи 7 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон семинари  бозомӯзӣ бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоии шаҳрҳои Конибодом ва Исфара баргузор гардид.

Дар семинари мазкур раиси шаҳри Исфара доир ба мақсаду мароми ҲХДТ суханронӣ намуда, намояндагони КИМ ҲХДТ - Бобоҷониён Р.М- - муовини раиси КИМ ҲХДТ оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулокот бо намояндагони ҷомеаи кишвар (12.05.2018с), Хонов Абдураҳмон роҳбари дастгоҳ оид ба усулҳо ва манбаҳои ташвиқоти пешазинтихоботӣ, Маҳмадуллоев Р. - мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлил оид ба мавзӯи «Кадрҳо-меҳвари рушд ва устувории давлат», Ҳомидов И. мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон, Шоҳиён А. -мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ  оид  ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказӣ (аз16.02.2018с) ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ баромад намуда, ҳар як узви ҳизбро ба дарки масъулиятнокӣ даъват намуданд. Иштирокчиёни семинар барои фаъолияти худ боз ҳам маълумоти бештар пайдо карданд.

Гуруҳи корӣ бо роҳбарии Бобоҷониён Р.- муовини раиси КИМ ҲХДТ ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, истиқоматкунандаи кӯчаи Мир 83, маъюби гуруҳи якум Шаропова Шафоатро  аёдат намуданд.

Возврат к списку новостей