Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

334340
Сегодня
408
На этой неделе
1445
В этом месяце
10459
Итого
334340
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

06.06.2018

Нақши зан дар таҳкими Ваҳдат ва осоиштагии ҷомеа

Ба истиқболи яке аз ҷашнҳои бузург-Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳот вохӯриву мулоқотҳои судманд доир шуда истодааст. Чунин вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, махсусан бо занҳо низ баргузор шуд. Занони барӯманди шаҳр, собиқадорони меҳнат Ҳанифа Юсуфова, Мавҷуда Турсунова, Раъно Ҷӯраева ва Замира Бойматова оид ба моҳияти сулҳ ва аҳамияти таърихии Ваҳдати тоҷикон сухан ронданд. Фаъолзанон озодиву истиқлол ва амнияту суботи кишвар ва сокинони диёрро аз баракати Ваҳдат арзёбӣ карданд.

Нақши занону духтарон ҳам дар пойдории Ваҳдати миллӣ назаррас мебошад,- зикр гашт дар мулоқот.

Чун тавонии миллат ба зан-сарчашмаи зиндагӣ низ вобастагӣ дорад, пеш аз ҳама бонувони тоҷик бо истифода аз нерӯи созанда дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши бориз гузоранд. Зикр шуд, ки ҳар як зан-модар бояд дар устувории сулҳ ва пойдории суботи ҷомеа саҳмгузор бошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар шуури наслҳои имрӯз ғояҳои сулҳу ваҳдатро вусъат бахшидан зарур аст.

Зимни мулоқот занони деҳа ба суолҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                       Парвина Абдуллоева

Возврат к списку новостей