Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

377811
Сегодня
447
На этой неделе
10845
В этом месяце
19577
Итого
377811
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

17.05.2018

Марказҳои саломатии деҳот мавриди таъмиру таҷдид

Бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва рушди сохтори Кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ (КАТС) дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ аз рӯи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- марҳилаи баромад» (лоиҳаи Сино) марказҳои саломатии деҳоти шаҳри Конибодом мавриди таъмиру таҷдиди асосӣ қарор дорад.

Ин амал пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии КАТС тибби оилавӣ дар маҳалҳо, таъмини солимии ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар деҳот нигаронида шудааст. Махсусан, занон, мардон ва кӯдакон дар деҳот аз беҳтар гаштани сатҳи саломатӣ тавассути такмил ва шаффофтар шудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси  тибби оилавӣ ва ҷалби ҷомеаҳо ба масъалаҳои саломатӣ баҳравар мешаванд.

Айни ҳол 4 маркази саломатии деҳот- маркази саломатии деҳоти Патар, Ғафурҷон Ортиқов, Р.Ҳамробоев, Лоҳутӣ мавриди таъмири хушсифат қарор дошта, кисми асосии кор ба начо расидааст. Ин марказхо дар арафаи таҷлили Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 афзалиятҳои асосиро барои рушди соҳаи тандурустии кишвар муайян намудааст. Лоиҳаи Сино фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон» (ИТТ) идома медиҳад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                   Парвина Абдуллоева

 

 

 

 

Возврат к списку новостей