Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

638676
Сегодня
73
На этой неделе
797
В этом месяце
3199
Итого
638676

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

16.05.2018

«Дугонаҳо» дар МТМУ№42: Эй зан, ту фариштаи заминӣ!

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар МТМУ№42 маҳфили навбатии «Дугонаҳо» таҳти унвони «Эй зан, ту фариштаи заминӣ!» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати маориф, фаъолзанони шаҳр ва оилаҳои намунавӣ иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳ хонандагони ҳунарманди муассисаи таълимӣ маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузоштанд. Мақсад аз намоиши ҳунарҳои дастӣ рушд додани ҳунарҳои халқӣ ва дарёфти лаёқатмандон буда, аз хуб ба роҳ монда шудани кори маҳфилҳои муассиса дарак медод. Гуруҳи хонандагон намунаҳои либосҳои миллии тоҷикиро намоиш доданд.

Ба чорабинӣ ду оилаи намунавӣ, яке оилаи зиёиён - Тоҷиевҳо ва дигаре оилаи ҳунарманд – Нозировҳо даъват шуда буданд. Онҳо дар бораи оилаи худ маълумот дода, занони ҷавонро ба сабурӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром, шукргузорӣ аз ҳаёти тинҷу осуда даъват карданд. Инчунин, фаъолзанҳо аз таҷрибаи ҳаётии худ нақлҳо карданд. Зимни баромади худ фаъолзанон Усмонова М., Инъомӣ Р., Аъзамова Д., Абдулазизова Ф., Абдуллоева М., Сулаймонова З., Тоҷиева М. оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, риоя нагардидани Қонуни ҶТ  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вуҷуд доштани хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо ва барпо намудани оилаҳои солиму устувор сухан ронданд.

Яке аз фаъолзанони шаҳр собиқадори соҳаи маориф Рафоат Инъомӣ пешниҳод намуд, ки дар муассиса осорхона ташкил карда шавад.

Иштирокдорони маҳфили «Дугонаҳо» бо таассуроти нек ва руҳияи болида  баргаштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                              Абдуллоева Парвина

 

 

Возврат к списку новостей