Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

638682
Сегодня
79
На этой неделе
803
В этом месяце
3205
Итого
638682

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 13.11.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –88.2%, Пӯлотон – 100,1%, Ғ.Ортиқов – 105,7%, Р. Ҳамробоев – 114,8%, Э.Шарифов – 102,4%, А.Лоҳутӣ –112,8%. Ҳамагӣ: 105,6%

15.05.2018

Изҳорот. Радикализм: хатарҳо ва сабақҳо

Дар нимаи дуюми асри ХХ ва аввали асри ХХ1 дар қатори масоили экологии ҷаҳон ва зиёдшавии аҳолӣ мушкилоти ҷадиде бо номи терроризму экстремизм ва радикализм рӯи кор омада, ба проблемаи глобалии олам табдил ёфтанд. Дар як қатор мамлакатҳо ин гурӯҳҳои тахрибкор паст будани сатҳи дониши динӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии аҳолӣ, бахусус ҷавононро дар мадди назари аввал гирифта, нақшаҳои ғаразноки худро дар амал татбиқ менамоянд. Вайрону валангор намудани объектҳои махсусан муҳим, оташ задани манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншоотҳои таърихӣ, куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, тахдиди куштан, ташвиқоти террористӣ аз зумраи шаклу намудҳои ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд.

Саркардагони ин гуруҳҳо бо пуштибонии хоҷагони худ аз фаъолияти носолими сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, ақлонӣ ва илмии кишварҳои алоҳида истифода бурда, дар зери ниқоби ислом идеологияи ҳадафмандонаро ба манфиати худ пиёда месозанд. Ташвиқоти терроризм, экстремизм ва радикализм имрӯзҳо тавассути васоити омма, сомонаҳои интернетии ифротӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва варақаву дастурҳои иғвоангез сурат мегирад. Мутаассифона, ин раванд дар бисёр ҳолатҳо аз номи дини мубини ислом амалӣ менардад. Мусаллам аст, ки дини мубини ислом бо ин бузургиву беназирӣ ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Ислом роҳи саодату наҷот, роҳат, осоиш ва хориҷшавӣ аз зулмот буда, дар асоси муҳаббату садоқат, меҳрубониву вафодорӣ арзи вуҷуд дорад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин софию тозагӣ, ин таровати мушкбез ва накҳати нотакрорро олудаи нафс намуда, бо таблиғи иғвогарона теша ба решаи ислом занад.

Пешрафт ва тараққиёти ҳар як кишвар ба захираҳои зеҳнӣ ва ақлонии шаҳрвандонаш сахт вобаста аст. Омилҳои дигари рушд оромии комил ва суботи ҷомеа, сулҳу амният, волояти қонун, ваҳдату дӯстӣ, шароитҳои воқеии омӯзиши илму маърифат ва муҳити мусоид метавонанд барои инкишофи захираҳои зеҳниву ақлонӣ заминагузор бошанд. Боиси афсӯс ва нигаронист, ки ҷаҳони ислом аз чунин захираҳои бебаҳо қисман  бебаҳра монда, ба исломситезиву низоъҳои мазҳабӣ ва ҷанги мусулмонон машғул аст. Ин нооромӣ ва ҷангу муборизаҳои мазҳабӣ на танҳо ҳисороти зиёди иқтисодӣ, балки талафоти гӯшношуниди ҷониро ба дунбол дошта, кишварҳоро барои садсолаҳо аз пешрафт бозмедоранд.

Дар чунин шароити ҳассос моро зарур аст, ки такя ба хиради азалиамон намуда, мӯйро мӯшикофона аз хамир ҷудо намоем. Бадро аз нек, сиёҳро аз сафед, дӯстро аз душман фарқ карда тавонем. Тибқи таҳлилҳои коршиносону муҳаққиқон, гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҷараёнҳои экстримистӣ дар амалӣ намудани нақшаҳои худ, пеш аз ҳама, ҷавононро ҳадаф қарор медиҳанд. Зеро миёни ин гурӯҳ ашхосе ҳастанд, ки аз ҷиҳати ирода ва шуурнокӣ ноустувор мебошанд.  Бо назардошти хатари воқеӣ доштани гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротгаро фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ аст. Равияю ҳаракатҳо хеле зиёданд, ки яке аз онҳо «Салафия» мебошад. Дар навбати худ «салафия» ба шохаҳо ва ҷараёнҳои дигар, аз қабили «Ал-ҷиҳод», «Ал-қоида» ва дигарҳо ҷудо шуда, ҳар кадоме мақсадҳои нопоку ғаразноки худро дорад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд ба таҳдидҳои мазҳабию фарҳангии ин ҷараён муқобилият нишон дода, ба Ватану миллат содиқ буданашро бо анҷоми амалҳои нек собит намояд.

Дуруст таҳлил намудани воеаҳои даҳнотноки давлатҳои ҷангзада, холисона хулосагирӣ намудан аз равияву ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди солимфикру худогоҳ ва худшинос бо шукргузорӣ аз оромию осудагии диёри азиз барои фардои дурахшони Ватан заҳмат кашад. Зери Парчами Тоҷикистон, бо сипосгузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, бо доштани ифтихори миллӣ дар идомаи ин роҳи ростиву накӯӣ, иттифоқан бо меҳру муҳаббат, самимияту қалби пок пайи ободӣ ва бунёдкориҳои беназир бошад.

 

                                                Ҷомеаи омӯзгорони МТМУ№1                  

Возврат к списку новостей