Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

627518
Сегодня
134
На этой неделе
262
В этом месяце
168680
Итого
627518
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

14.05.2018

Паёми табрикии раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамасола бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки оиладорӣ, ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба оила ва муаммоҳои он, андешидани чораву тадбирҳои судманд баҳри пойдориву устуворӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат кулли ҳамшаҳриёнро самимона муборакбод намуда, ба ҳар як хонавода пеш аз ҳама  пойдорӣ, меҳру садоқат ва рӯзгори ободу осоишта  орзумандам.

Тавре ки равшан аст,  ки мақоми оила  ҳамчун асоси ҷомеа ва устувории ҷамъияти башарӣ, чун омили  муҳими рушду нумӯъ эътироф гардида, баҳри пешрафти ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамояд ва  бешубҳа, оилаи солим сарчашмаи ҷомеаи солиму бомаърифат ва пешрафта  мебошад.

Масъалаи рушду устувории оила, сиҳативу тақвияти мақоми иҷтимоии он аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода ҳадафу барномаҳои мушаххас амалӣ гардонида мешаванд.

Боиси қаноатмандист, ки аксари оилаҳои мо дар фазои якдигарфаҳмӣ, меҳру садоқат ва дӯстиву рафоқат бунёд ёфта, фарзандони ҷисману маънаван солимро тарбия намуда ба камол мерасонанд ва умед бар он дорем, ки чунин оилаҳо дар ташаккул ва тарбияи насли ояндасози ҷомеа ва ба ин васила  дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми сазовор мегузоранд.

Дар баробари он таҳкими пояҳои оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкамиву устувории хусусан,  оилаҳои ҷавон аз масъулин ва аҳли ҷомеа таваҷҷӯҳи бештареро тақозо дошта, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо дорад.

Изҳори бовариву эътимод менамоем, ки тамоми фаъолон, собиқадорон, занони пешқадам ва оилаҳои барӯманди шаҳр боз ҳам бештар  таҷрибаи  бою назарраси зиндагидории хешро ба насли ҷавон омӯзонида, дар тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки оиладории шарқиёна саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва баҳри гиромидошти ин муқаддасот тамоми маҳорату малакаи  хешро равона намуда, барои солимии ҳар як оила талош хоҳанд кард.

Бори дигар, ҳамаи ҳамдиёрони  азизро бо Рӯзи байналмилалии оила самимона табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, хушбахтиву  саодатмандӣ ва сарсабзиву  шукуфоӣ таманно менамоям.

 

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

      

        Бо эҳтиром,

        раиси шаҳр                              Ғ.Боҳирӣ

 

Возврат к списку новостей