Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

349955
Сегодня
62
На этой неделе
1759
В этом месяце
8826
Итого
349955
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

14.05.2018

Рӯзи Шашмақом ва 30-солагии ансамбли Шашмақом-и назди бахши фарҳанг

Бахшида ба Рӯзи «Шашмақом» ва 30-солагии ташкилёбии ансамбли «Шашмақом»-и назди бахши фарҳанги шаҳр дар қасри фарҳанги «Бодом»  консерти идона баргузор гардид. Рӯзи Шашмақом воқеан ба як иди бошукуҳ табдил ёфта, мухлисону ҳаводорони зиёди ин санъати гуҳарбори миллиро сарҷамъ намуд. Аз ҷониби аъзоёни ансамбли «Шашмақом»-и назди бахши фарҳанги шаҳр суруду оҳангҳои дилнавоз, навозишҳои нотакрору пурэъҷоз садо дода, табъи ҳамагон болида гардонида шуд.

Дар консерти идона муовини раиси шаҳр Ашурматзода Замира Ӯктам иштирок карда, ҳамагонро бо Рӯзи Шашмақом, ҳамчунин ҳайати ансабмлро бо 30-солагии таъсисёбии ансамбл шодбош гуфт. У ҳамзамон, аз устодони санъати Шашмақом ёдоварӣ намуда, аҳли санъати шаҳрамонро ба идомаву сайқал додани ин мероси гаронбаҳо даъват кард. Дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд аъзоёни ансамбл - барои фаъолияти назаррас ва тарғибу ташвиқ ва такомули ин санъати волои тоҷик Сипосномаи раиси шаҳрро тақдим намуд.

Боиси қаноатмандист, ки тайи чанд сол ин санъати нотакрору муъҷизаофари тоҷик мавқеи хоса касб намуда, байни мардум мавриди пазироии гарму самимӣ қарор мегирад, ки он ба рушди санъати шашмақом мусоидат хоҳад кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                           Парвина Абдуллоева

Возврат к списку новостей