Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

349955
Сегодня
63
На этой неделе
1760
В этом месяце
8826
Итого
349955
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

12.05.2018

Ҳунармандони мо: Оилаи танӯрсозон

Мардуми Конибодом аз қадим бо ҳунармандӣ машҳур буд. Ҳатто баъзе маҳаллаҳои алоҳидаро махсус аз рӯи касби бошандагонаш ном мебурданд. Аз ҷумла, кулолгарон, дуредгарон, чармгарон, заргарон, мисгарон  ва амсоли ин. Имрӯз яке аз маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Пӯлодон «Ҳунармандон»  ном дорад. Чун ба хонадони бошандагони он ворид мегардед, воқеан ҳар яке ба худ хос ҳунаре дорад. Қаҳрамони мо низ сокини ана ҳамин маҳалла аст. Ин хонавода асосан бо танӯрсозӣ машғул аст. Оилаи Исроиловҳоро дар маҳалла ва берун аз он ҳамчун оилаи ҳунарманд – танӯрсозони моҳир эътироф намудаанд. Зану шавҳар наздик 35 сол аст, ки зиндагии якҷоя дошта, касби авлодиро идома медиҳанд. Аз рӯи нақли Санавбархола падару бобоёнаш низ танӯрсоз буданд ва ин касб барояш аз хурдӣ шинос буд. Пас аз хонадор шудан ҳамроҳи шавҳараш Одилҷон ин ҳунари авлодиро сайқал медиҳад. Одилҷонамак ба касби падарӣ меҳри беандоза дорад ва ҳунарашро ба фарзандонаш низ меомӯзонад.

Танӯрсозӣ низ чунин дигар ҳунарҳо заҳмат талаб мекунад. Як  танӯр дар давоми 1 рӯз омода мегардад. Нахуст лойи танӯр тайёр карда мешавад, ки ба гуфти онҳо аз мушкилтарин кор дар танӯрсозӣ аст, зеро аз омода намудани лой сифату намуди танӯр сахт вобастагӣ дорад. Ба таркиби лой хоки ширадор, гулбутта ва пашми гӯсфанд дохил карда, онро дар муддати чанд вақт омехта мекунанд. Пас аз дам додани лой онро дар шакли тахта дар замин рехта, чанд соат нигоҳ медоранд. Сипас онҳоро пас аз андаке хушкидан қабат –қабат бо навбат болои ҳам гузошта, бо ҳам мепайванданд. Қабатҳои пайвастаи лойро тавассути асбобҳои лозима ба шакл дароварда, дар оташ каме гарм мекунанд ва онро муддати 1 ҳафта дар офтоб мехушконанд.  

Ҳамин тавр, тайёр кардани танӯр кори як нафар нест. Дар ин кор ба ман ҳамаи аъзоёни оилаам кӯмак мекунанд. - мегӯяд Одилҷонамак.

«Ҳар нафаре ки соҳибҳунар аст, аз пайи он ризқу рӯзиашро меёбад»- таъкид намуд ӯ.  Имрӯзҳо аз ҳунари ин оилаи ҳунарманд на танҳо сокинони шаҳру деҳоти Конибодом, балки мардуми Исфара низ баҳраманданд.

Ҷиҳати дигари ҳунари танӯрсозӣ дар он аст, ки басо савобу манфиатбахш низ ҳаст. Зеро маҳз тавассути танӯр нону фатирҳои гарму болаззат ва самбӯсаҳои гуногун омода карда мешавад. Маҳсули занони чирадаст маҳз аз танӯр бармеояд. Заҳмати танӯрсозон аст, ки аз ҳар хонадон бӯи нони гарм меояд ва дастурхони мардум пурфайз аст.

Азбаски танӯрсозӣ аз обу ҳаво вобастагӣ дошта, мавсимӣ аст, марди хонадон бо дуредгарӣ низ машғул мешавад. Аз уҳдаи сохтани дару ром, сандуқ ва мисли инҳо бо маҳорати хоса мебарояд. Санавбархола низ дар таъмини буҷаи оила ва рӯзгор саҳмгузорӣ менамояд. Ғайр аз он ки дар сохтани танӯр ба шавҳараш ёрӣ мерасонад, инчунин бо дӯзандагӣ  машғул мешавад ва либосҳои гуногун, кӯрпаву болин омода мекунад. Зани хонадон бояд дар паҳлӯи мард истода, дар ҳама кор кӯмак расонад, озодаву сариштакор бошад, мегӯяд холаи Санавбар.

Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин оилаи ҳунармандро низ руҳбаланд намудааст. Онҳо ният доранд, ки дар партави ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбати аҳли ҳунар пайваста ҳунарашонро ривоҷ дода, ба дигарон низ омӯзонанд. Сафи шогирдонро зиёд намуда, доираи фаъолияташонро фарохтар созанд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей