Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

628191
Сегодня
250
На этой неделе
935
В этом месяце
169353
Итого
628191
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

10.05.2018

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 

- мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр,

- мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр,

- мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,

- мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов,

- мутахассиси пешбари оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, назорат, бойгонӣ ва кор бо кадрҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов,

- сармутахассис оид ба корҳои дини Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов,

- сармутахассис муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов,

- сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов,

- сармутахассис – оморчии Ҷамоати деҳоти Пӯлотон,

- сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов,

- сармутахассис-оморчии Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев,

- сармутахассис -муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ.

 

1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мутахассиси пешбар - мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, - мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, - мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, - мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов, - мутахассиси пешбари оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, назорат, бойгонӣ ва кор бо кадрҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов.

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

 

Маоши мансабӣ 696,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

 

3.      Талаботи тахассусӣ ба довталабони сармутахассис - сармутахассис оид ба корҳои дини Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов, - сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов, - сармутахассис – сармуҳосибӣ Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов, - сармутахассис – оморчии Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, - сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов, - сармутахассис оморчии Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев, - сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ.

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

 

Маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ

 

4. Довталабон бояд дорои малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ бошанд.

 

5. Довталабон метавонанд бо дигар талаботҳои тахассусии мансабҳои мазкур дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо маълумоти иловагӣ дар Веб-сайти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр www.konibodom.tj шинос шаванд.

 

6. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба номи Раиси шаҳри Конибодом;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

- нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

7. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр дар мўҳлати 21 рўзи баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.

 

Суроға: шаҳри Конибодом, кўчаи Ю.Ёдгоров 73, индекс: 735900, телефон 834-67-3-41-20

 

 

 

 

Возврат к списку новостей