Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

301606
Сегодня
5
На этой неделе
893
В этом месяце
20712
Итого
301606
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ

17.04.2018

Сипосномаи маъмурияти мтму № 34 ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати дастгирии варзишгарон

Муҳтарам Раис!

Дар соли тахсили 2017-2018 як гурух хонандагони муассисаи таълимии мо дар мусобикахои мухталиф ширкат варзида, ба дастовардхои баланди варзиши ноил гаштанд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 11 Бекмуродов Юсуфҷон, ки имрӯз дар таълимгоҳи варзишии ҷумҳуриявӣ таҳсилашро идома дода, номзади устои варзиширо дифоъ намуд. Хонандаи синфи 9Ҷӯраева Гуласал дар мусобиқаиҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли ҷавонон” дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, ҷои 3-умро дар миқёси ҷумҳурӣ ишғол намуд.

Хонандагони синфи 11 Дустматов Баҳодур ҷои 3-ум аз 1 намуди варзиши сабук, Маматқулов Дониёр-ҷои 2-ум, аз 2 намуди варзиши сабук, хонандаи синфи 10 Мелиев Лутфулло ҷои 3-ум аз 1 намуди варзиши сабук, хонандагони синфи 9 Ситораи Баҳодурзода дар 3 мусобиқа иштирок карда, ҷойҳои 1,2,3 аз рӯи намуди варзиши сабук ишғол кард. Олимова Мубина аз рӯи 1 намуди варзиши сабук дар 2 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳибӣ кард.

Чун анъана имсол низ хонандагони муассиса дар мусобиқаи “Дави миллӣ бо ширкати фаъолона ҷойҳои 1, 2 ва 3-умро ишғол намуда, соҳиби “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Хонандаи синфи 10ОлимоваШаҳзодава хонандаи синфи 9 Ситораи Баҳодурзода дар давидан бамасофаҳои 3000м. ва 1500м. ҷойҳои 1-умро ишғол карда, барои иштирок ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Хонандагони синфҳои 6-9 дармусобиқаивилоятӣ оид ба шоҳмот байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба “Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иштирок карда, дар он хонандаи синфи 6 –Ҳайитова Ситора ва хонандаи синфи 9 Ҷӯраева Гуласал ҷойҳои 2-ум, хонандаи синфи 6 Кимсанова Нигина ҷои 3-умро ишғол карда, соҳиби Дипломшуданд. Варзишгарон Урунов Муродҷон, Бӯриева Мухлиса, Ӯрунова Гуландом, Нишонов Тӯхтасин, Очилов Шерзод, Тӯдаева Хушнуда, Нишонов Хуршед, Тоҷибоев Абӯбакр, Нозиров Ахлиддинниз дар мусобиқаи гуногуни сатҳи шаҳриву вилоятӣ иштирок карда, обрӯи таълимгоҳу шаҳрро ҳимоя намудаанд.

Барои ба даст овардани ин комёбиҳои варзишӣ заҳмати омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии муассиса Тошматов Шуҳратҷон ба эътибор лоиқ аст. Инчунин, роҳбарияти ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев низ моро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Дар ноил шудан ба ин комёбиҳову муваффақиятҳо бевосита саҳми беназири Шумо, раиси муҳтарам басо бузург аст. Зеро дар таъмини варзишгарон бо маблағ барои хӯрок, сарулибос ва роҳкиро бемамоният ва саховатмандона дасти кӯмак дароз намудед. Бе ёрии Шумо варзишгарони муассиса ба чунин муваффақиятҳо соҳиб намешуданд.

Ҷомеаи омӯзгорон ба Шумо изҳори сипос намуда, ваъда медиҳанд, ки минбаъд ҳам сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро нисбати ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо амалӣ намуда, баҳри тарбияи наслҳои сазовори ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

                                            Ҷомеаи омӯзгорони мтму№34

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей