Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

301606
Сегодня
5
На этой неделе
893
В этом месяце
20712
Итого
301606
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ

09.04.2018

Маҳфили хотирмони адабӣ

Дирӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва ташаббуси роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар муассисаи мазкур ба ифтихори 100-солагии омӯзгори номвар Соҷидабону Сатторова маҳфили хотирмон баргузор гардид. Чорабиниро ровиёни хушбаён-муҳассилини дабистон оғоз бахшиданд. Нахуст дар назди ҳозирин муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Исмоилҷон Юсуфов баромад намуда, бо зиндагиномаи омӯзгор Соҷидабону Сатторова, саҳми эшон дар рушди соҳи маориф ибрози ақида намуданд. Сипас ҳамкорону шогирдон бо навбат ба сухан баромада, аз истеъдоди баланду хислатҳои наҷиби инсонии устоди устодон С.Сатторова ёдовар шуданд. Ҳамчунин, арӯси хонадони муаллимаи шинохта Аълочии маорифи ҶТ Қаноатҷон Аҳмадова суханронӣ намуда, симои муаллимаро ҳамчун зан-модар-тарбиятгар – раҳнамои зиндагӣ, ибратбахши ҳазорҳо насли сонӣ муаррифӣ карданд.

Фарзанди марҳум Зебуниссо Шокирова низ ба сухан баромада, аз хислатҳои наҷиби модари худ ҳарф зада, арзи сипоси худро ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ баён намуд.   

Баъдан муҳассилини таълимгоҳ бо барномаҳои ҷолиб баромад карда, дар васфи зан, модар, омӯзгор шеъру суруд қироат карданд. Ҳамчунин,  навозиши асбоби мусиқӣ, рақси мавзуни хонандагон ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуд.

Бояд тазаккур дод, ки омӯзгор С.Сатторова дар маҳаллаи Арабхонаи ш.Конибодом таваллуд шуда, омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳрро хатм намудаанд. Соли 1935 ба Дорумуаллимини тоҷикии ш.Тошканд дохил шуда, онро соли 1937 хатм карда, дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр, мактаби миёнаи ба номи Нариманов, мактаби ба номи Чапаев, Ленин ва Коммунист фаъолият намудаанд.

Ҳамчунин, муаллима дар маъракаи маҳви бесаводӣ ширкат намуда, дар фаъолияти беш аз сисолаи худ шогирдони бисёреро тарбия кардаанд. Омӯзгори дараҷаи олӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, хидматҳояшон чун устоди пуртаҷриба, навҷӯю навовар бо нишонҳои «Барои меҳнати шоиста дар солҳои ҶБВ», «Ветерани меҳнат» ва як силсила  ифтихорномаҳо қадр шудаанд.

Муҳим аз ҳама ному кори неки муаллима дар ёди шогирдон ва дӯстону пайвандон абадӣ нақш гузоштааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей