Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

377811
Сегодня
447
На этой неделе
10845
В этом месяце
19577
Итого
377811
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

07.03.2018

Таҷлили Рӯзи модар

Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳрамон мутобиқи нақшаи чорабиниҳо як қатор чорабиниҳои мухталиф ба сомон расонида шуданд. Дар арафаи ҷашни мазкур  тибқи ҷадвали махсус  дар  ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо иштироки занону бонувони  фаъол ва собиқадорони меҳнат ҷамъомадҳои тантанавӣ доир гардида, барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои фарҳангиву адабӣ пешниҳод карда шуд.

Тибқи анъана собиқадорони меҳнат ва занони барӯманд аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо аёдат гардида, онҳо бо ғамхориҳо фаро гирифта шуданд.

Аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим собиқадорони меҳнат, аз ҷумла ходими ҳизбиву давлатӣ, собиқ раиси шаҳр Азизова Бибихон, собиқадорони соҳаи маориф Сангинова Ширин, ва Махкамова Мавлуда , зани пиронсоли 97-сола Азимова Маҳбуба аёдат карда шуданд.

Ҳамчунин, дар тарабхонаи «Хонаи муроду мақсад» бо иштироки 220 нафар фаъолзанони шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он барои иштирокдорон дастурхони идона ороста шуда, ҳамчунин барномаи консертӣ пешниҳод карда шуд. Дар чорабинии мазкур  аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О. табрикоти и.в. Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба самъи ҳозирон расонида шуд.

Дар чорабинӣ бонувони фаъоли шаҳр бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей