Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

633436
Сегодня
105
На этой неделе
105
В этом месяце
4045
Итого
633436

Маълумот оид ба рафти пахтасупорӣ мувофиқи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ба санаи 18.10.2018: Ҷамоати деҳоти Патар –81,5 %, Пӯлотон – 85,9%, Ғ.Ортиқов – 85,0%, Р. Ҳамробоев – 105,5%, Э.Шарифов – 88,7%, А.Лоҳутӣ –84,2%. Ҳамагӣ: 90,9%

06.03.2018

Табрикоти раиси шаҳр муҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. ба муносибати Рузи модар

     Модарону хоҳарони  гиромӣ !

 

Ба оғози  эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳо рост омадани Рузи модар рамзи басо неку ҳуҷастаест, зеро зан - модар худ оғозгар ва бахшандаи ҳаёт буда, нуру зиё ва асоси бахту нишоти зиндагист.

Ва дар ин айёми накӯ ҳамаи шумоён, бонувони сарбаланди шаҳрро  ба муносибати ҷашни пуршукуҳ-Рузи Модар самимона табрику таҳният  менамоям.

Равшан аст, ки барои ҳамаи мо модар азизтарин вуҷуди  рӯи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму руҳбахши ӯ шуруъ гардида, маҳз ӯ сарчашмаи  меҳру вафо, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими  фарзанд аст.

Муносибат ба модар, муносибат ба Ватан ва миллат аст, чунки модар сароғози бани  башар ва саропо шафқату меҳрубонист.

Нобиғаҳои олам, шоирону бузургон ва сиёсатмадорон  дар назди нерӯ ва садоқати зан сари таъзим фуруд оварда, басо сазовор ситоиш кардаанд.

Дар ин лаҳзаҳои  гуворо  ёдрас намудани суханони Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  басо бамаврид аст:

    “Рӯзи модар  эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ  нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

    Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз-рӯзи модар аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем”.

Дар ин раванд баҳри бо ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани модарону хоҳарон аз ҷониби давлату Ҳукумат пайваста тадбирҳои саривақтӣ  андешида шуда, дар ин самт як силсила санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ   ва барномаҳои давлатӣ  қабул шуданд, ки ба беҳтар намудани мавқеъ ва мақоми  зан дар ҷомеа нигаронида шудаанд.   

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ баҳри ҷалб намудани занону бонувон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият  барои онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Мо ифтихор мекунем, ки имрузҳо дар соҳаҳои гуногун ва бештар  дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва кишоварзиву соҳибкорӣ  бонувони мо баҳри ободии диёр ва осоиштагии рузгори сокинон садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Албатта эътимодамон қавист, ки занону бонувони муҳтарами шаҳр дар ин соли накӯ, ки  ҷашни умумиҷумҳуриявии  Рӯзи Ваҳдати миллӣ  дар шаҳрамон баргузор хоҳад шуд, фаъолияти босамари хешро идома мебахшанд ва дар сарсабзиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми сазовор мегузоранд.

Бори дигар, ҳамаи шумоён -  модарону хоҳарони  гиромиро ба муносибати ин ҷашни фархунда бо камоли эҳтиром муборакбод намуда, бароятон тандурустиву саодатмандӣ  ва бахту иқболи наку орзумандем.

Бигзор, ҳамеша ҳусни оламгир ва меҳру муҳаббати  поки Зан – Модар илҳомбахши зиндагӣ , равшангари қалбҳо ва чароғи ҳар як хонадон бошад!

    Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!

  

 

                      Бо эҳтиром

                      раиси шаҳр                                     Боҳирӣ  Ғ.Н.

Возврат к списку новостей