Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

318062
Сегодня
57
На этой неделе
1136
В этом месяце
11940
Итого
318062
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

05.03.2018

Биҳишт зери пои модарон аст.

Одамиро гар Худо орад нахуст,

Одамиятро кунад модар дуруст.

 

Оре, дунёи нотакрор аст дунёи рангини модар, ки достони зиндагиро бо неку бадаш дар китоби умри мо нақш мегузорад. Аз дунёи модар дунёи мо сарчашма мегирад.

Пайғамбар (с) фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд қабулшаванда аст», дуои музлим, дуои мусофир ва дуои падару модар.

Оре, дуои волидайн равшангари роҳи фарзандон аст. Аз ин рӯ, мебояд, ки волидонро азизу муқаддас ва гиромӣ дошт.

Ривояте ҳаст, ки рӯзе нафаре пеши Пайғамбар (с) меояд ва мепурсад, ки ман ба кӣ хушрафторӣ кунам ва хуб нигоҳ кунаму эҳтиромаш кунам?

Пайғамбар (с) мегӯянд: - Ба модарат.

Вай шахс мепурсад: - Баъд ба кӣ?

Пайғамбарамон (с) боз мегӯянд: - Ба модарат.

Он шахс дафъаи сеюм мепурсад.

Пайғамбарамон (с) ба модарат  мегӯянд. Вақте, ки боз мепурсад, он вақт «ба падарат» мегӯянд.

Зеро модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки фарзандро ба дунё меораду шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзандаш бузург, донишманд ва барои ҷомеа саҳмгузор гардад.

Модар беҳамтост. Дар дунё ҳеҷ як нерӯи бузерге нест, мисли меҳри модар ба фарзанд. Танҳо модар қодир аст дили бузург дошта бошад. Диле, ки қудрати худсозӣ дорад. Ҳазорон бор мешиканаду боз аз нав эҳё мегардад, танҳо ба як хотир, хотири фарзанд. Агар инсон мақсаде дорад, ки барояш зистан меарзад, пас вай ҳама мушкилот, ранҷу ғам, кулфату бадбахтиро паси сар менамояд… Фарзанд барои модар ҳамин гуна мақсуди олист.

Бузургии модар дар он аст, ки барои фарзандаш на танҳо ҷон, балки тамоми вуҷудашро мебахшад.

 Рӯзе аз модаре пурсиданд:

-Аз фарзандонатон кадомашро дӯст медоред?

Модар гуфт: -То калон нашавад, аз ҳама кӯчакашро, то аз ғарибӣ барнагардад, ғарибашро, то шифо наёбад, беморашро.

Оё мо метавонем, подоши ҷонфидоиҳои ӯро бидиҳем?! На! Ба ҳеҷ қиммат. Мо бояд доимо хизматгузори модарон бошем.

Модар меҳвари меҳру садоқат ва оромиши ҷон аст. Дар тавсифи бузургии модар қудрати қалам ва сухан кофӣ нест. Чӣ гуна метавон тавсифи модарро сомон дод, чун меҳри вай мисоли офтоб аст. Дар назари модар фарзандаш ҳамеша тифли беғашу беҷурм метобад. Агар сад далели гунаҳкории фарзандашро ба модар бигӯянд ҳам, бовар намекунад ва ҳамонон чеҳраи бегуноҳи тифлаш пеши назараш меояд. Бале чунин аст, дунёи модар. Худ хору залил мегардад, вале намегузорад, ки ба пои тифлаш хоре халад. Гӯё на барои худ, балки баҳри фарзандаш мезияд, модар.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар баробари инқадар ҷонбозиҳо ва меҳрубониҳои модар фарзандоне низ ҳастанд, ки нохалафу хоини Ватананд. Онҳо фирефтаи пулу мол ва ваъдаҳои бардурӯғи «хоҷагони худ» аз баҳри модару зану фарзанди хеш баромада ба Ироқу Афғонистону Сурия фирор кардаанд. Онҳо яроқ ба даст гирифтаву хуни бегуноҳони зиёдеро мерезонанд. Зумрае аз чунин фарзандон шомили гурӯҳҳои ифродгаро гардидаву тарки Ватан кардаанд.

 

                          Зи кирдори бади фарзанд рӯзе,

                          Шавад гар модаре гирён ҳайф аст.

 

Оре, магар модар бо ҳамин нияту орзу фарзанд калон кардааст, ки фарзандаш хоину қотил гардад? Ҳаргиз!

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон модарро олиҳаи ҳусну зебоӣ, пешбарандаи ҷомеа ва сарчашмаи амалҳои нек номидаанд.

Модар бузургу яктост. Дар рӯи замин ҳар як инсон танҳо барои модар ҳамеша азизу мӯнис буда метавонад.

Аз Луқмони Ҳаким пурсидаанд:

-Азимтарин гуноҳ кадом аст?

Ҷавоб дод:

-Ранҷондани дили модар.

Боз пурсиданд:

-Кадом дуо аз ҳама беҳтар аст?

Мегӯяд:

-Дуои неки модарон.

Модаронро эҳтиром намудан қарзи фарзандон аст. Дили неки қиматтарин ганҷ, балки ҷавшани ҷонамон хоҳад буд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8-Март «Рӯзи Модар» эълон гардидааст ва ин моро водор мекунад, ки ҳар рӯзамонро ба модар бубахшему ӯро гиромӣ дорем. Фикрамро бо чунин мисраъҳои шоир ҷамъбаст менамоям:

 

Он миллате, ки ба роҳи саодат ниҳад қадам,

К-ӯ дар хаёли модару фардои миллат аст.

Ман васфи модарон чӯ бигӯям, ки гуфтаанд:

Боғи биҳишт зери қудуми модар аст.

 

 

Аббосхон Аброров,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии «Сарв»

Возврат к списку новостей