Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654913
Сегодня
25
На этой неделе
376
В этом месяце
5516
Итого
654913
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

03.03.2018

Ободониву ниҳолшинонӣ

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати ободониву кабудизоркунии диёр ва бо мақсади таҷлили сазовори ҷашнҳои бузурги миллӣ дар шаҳри Конибодом ҳар ҳафта баргузории шанбегӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Субҳи имрӯз кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳру ҷамоатҳои деҳот ба шанбегӣ баромада, дар ободониву кабудизоркунии диёр саҳмгузорӣ намуданд.

Махсусан ҳамдиёронамон дар оғози фасли баҳор бо шинонидани ниҳолу гулҳои ороишӣ машғул шуданд.

Аз ҷумла, ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ дар саҳни ҳавлии муассиса 150 бех гулҳои ороишӣ шинонида, замини участкаҳои наздиҳавлигиро шудгор  ва дарахтонро сафед карданд.

Дар қади роҳи Айнӣ дар рӯ ба рӯи истгоҳи марказӣ то назди варзишгоҳи «Ҷавонӣ» 250 адад ниҳолҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуд.

Дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо низ амалҳои бунёдкоронаву тозакориҳо идома доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей